Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
Маро зина ба зина боло мебаред шумо. Акнун қаҳрамонҳои ҳикояҳои ман духтарро дӯст медоранд, ба дараҷае дӯст медоранд, ки дили хонанда об ҳам адо мешавад. Ана ишқ, духтари ҳақиқӣ ҳамин хел мешавад, мегӯянд... Бисёр ҳикоя навиштастам, повестамро анҷом додам. Муаллим Қутосӣ навиштаҳоямро хонда гуфтанд: «...ту ошиқ шудаӣ, бачам, навис, ишқро навис...» Ана акнун Мушарраф, бигӯед, агар ман бо шумо вонамехӯрдам, шуморо намедидам, оё ба ҳамин хел рӯзҳои хуш мерасидам? Бовар кунед, аз барои шумо Кофарниҳононро дӯст медорам. Зеро шумо дар соҳили он мезиҳед. Колхози шумо, деҳаатон, кӯчаҳои он боғу ҳавлиҳояш ҳам зебоанд, диламро мекушоянд. Мехоҳам, якумр, тамоми шабу рӯз дар ин ҷойҳо — дар наздикиҳои шумо бошам, шуморо бинам, бо шумо зиҳам... Холаатон, хонаи он касро бештар дӯст медорам, ба хотири шумо!..
«Хонаи холаат» гуфт Нозимӣ. Аммо ӯ намедид, ки аз барои вай аз туфайли Мушарраф холаи бечорааш аз падари ӯ чӣ гапҳое шунид, чӣ ҷангу ҷанҷолҳое бархост. Холааш ба Нозимӣ ошкор намекунад, ҳар боре ӯ хонаашон ояд, сир бой надода, бо чеҳраи шукуфон, забони ширин пешвозаш мегирад. Намегӯяд, ки ҳар омадани Нозимӣ ба хонаи онҳо ғам аст барои ӯ, падари Мушарраф ба сари ӯ медавад, девона мешавад, аз худ бехабар... Худи Мушарраф ҳам дар таги гап мемонад. Касе ба падараш хабар додааст: мухбире, ки Мушаррафро таъриф кардааст, ҳар рӯз ба суроғаш меояд, ҷои вохӯрии онҳо хонаи холааш, кампири холааш миёнарав, далла...
— Туро мухбир суроғ карда меомадааст,— гуфт падар ба ӯ. Рост аст? Холаат далла? Ман аввал холаат, модарат, баъд худатро мекушам.
Холааш бо хоҳиши Нозимӣ чанд бор, аллакай бо модари Мушарраф гуфтугӯ кардааст, падараш беҳуда намегуфт. Холааш Нозимиро пеши модараш аз ҳад зиёд таъриф карда, ба осмон баровардааст. «Ҳам худат, ҳам духтарат аз вай рӯзи нек мебинед. Вай одам не, тилло...» Аз таърифи бисёр ӯ дили модари Мушаррафро ҳавой кардааст. Модараш аз худи ӯ пурсид... «Вай одами нағз» гуфту дигар забон накушод Мушарраф... Вақте падараш ба сари ин масъала омада аз худи вай гап гирифтанӣ шуд, модар ӯро гурезонд, худашро зери зарбу лати шавҳар мононд. Холаашро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё