Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— Аз ҳад зиёд таъриф кардед, шарм доштам, баъд суратамро чоп намекардед, нағз буд.
— Сурататон газетаро серхаридор кард, ба ҳама маъқул, ҳама шуморо кофта гаштаанд, адресатонро мепурсанд...
— Падарам ҷанг карданд, аз хона пеш мекунанд.
— Кошки шуморо пеш кунанд.
— Баъд?..
— Баъд... Ман шуморо мебарам.
— Ман дигар ҳамроҳи шумо намеравам, — Мушараф бозистод, ба роҳи омадааш ақиб гашт...
— Мушарраф, гардед, шӯхӣ кардам, наранҷед... — Нозимӣ гӯё талхакаф шуда буд.
Вале Мушарраф ба ӯ эътибор намедод, ба вай нигоҳ намекард. Нозимӣ дур монд, дар баландии...
Вай ба Нозимӣ гӯш дод. Аз роҳаш гашт. ТаАССУФ, кошки аз роҳаш намемонд, кош ғурур ба вай ғолиб меомад. Лекин ғурураш гум шуд... Ӯ ин хел духтар набуд...
Болои теппа, таги ягона дарахти дӯлона, ки дар беобӣ, дар якбарае рӯида буд, нишастанд. Деҳа, боғҳо, ферма аз он ҷо намоён. Подабонҳо говҳои дӯшоиро аз доманаи теппаи баланд ба поён — ба ҷониби ферма ҳай карданд... Онҳо наздики якдигар нишаста буданд. Боди салқине мевазид, хур-хур ба рӯяшон мезад... Гӯё ба осмон, ба қуллаҳои баланди кӯҳои Мағмуруду Қандӣ наздик буданд, сераи паррандагон болои сари онҳо дар парвоз... Накҳати гулу гиёҳҳо ба машомашон мерасид.
Нозимӣ бо холаш хеле сӯҳбат кард. Бало будааст, худо ба вай забон дода. Ба дили холаи Мушарраф роҳ ёфт, дӯсти қарину меҳрубон гаштанд, онҳо аз ферма се нафар бармегаштанд. Ҳангоми ба ферма роҳ гирифтани Мушарраф бо Нозимӣ касе онҳоро надид, хайрият. Тарсидаю ларзида ба ферма расид. Бо Нозимӣ танҳо ба танҳо сӯҳбат кард, орзуҳои дилаш баён шуданд... Дар бозгашт акнун холаш ҳамроҳашон. ДилАШ ПУР, хотираш осуда...
Дар деҳа холашро Нозимиро аз роҳ гардонд, ба хонааш таклиф кард. Худаш ҳам интизори ишораи ӯ будааст. Ҳамроҳаш ба хонаи онҳо рафт. Мушарраф барои ин аз холааш миннатдор буд. Ташаккур ҳазор ташаккур, мегуфт дар дил ӯро.
Мушарраф аз ферма баргашта ба хонаашон даромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё