Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— Кӣ ҷеғ дорад? — Пурсид модараш.
— Намедонам.
— Парвона-ку...
— Ҳа, Парвона омадааст.
— Ҳозир аз ҳамин пеши назарат кӣ рафт? Ҳамин ҷо набудӣ? Вайро надидӣ? Ё аллакай вай сояи шум аз хотират баромад? Намурдааст, хабари маргаш наомадааст-ку! Ё дунёро бедушман дидӣ? Парвона, Парвона, Парвона! — ӯро ҷеғ зад модар. Парвона аз дарвоза дарун шуд.
— Дарвозаро пӯш, бачам, пештар биё,— гуфт модари Рустам.— Чӣ мегӯй, бачам, ба ман ягон гап доштӣ?— пас аз пӯшида шудани дарвоза аз Парвона пурсид ӯ.
— Ба Рустам кор доштам,— аз шарм дигар чӣ гуфтанашро намедонист Парвона.
— Ба Рустам? Бачам, Парвонаҷон, як-ду гап гӯям малол нашав.— Модари Рустам ба сари мақсад омад.— Ту акнун хурд нестӣ, дар доди ту ман шӯ доштам, соҳиби бача будам. Ту ҳам имрӯз-пагоҳ тӯй мешавӣ, духтари дар фотиҳай. Қадри худатро паст накун, охир. Баъд... хусури ту одами майда не... Ман, бачам, як одами бекас, ба ғами худам саргардон. Аз рӯи ту аз бачам намонам мегӯям, рӯям сиёҳ мешаваде, бачам, ту аклата ба сарат гир, ҳарҷопарак нашав. Калтаю кӯтоҳи гап, ки ман туя келин намекунам, мурам ҳам, бачам ба ман азиз аст, якта аст...
— Ба мо кордор нашавед, оча бас! — Рустам ба ақидаи ҳамқишлоқиҳояш, шарму ҳаёро аз хотир бароварда барои духтари нағз дидааш бо модараш баландравӣ кард, пеши даҳони ӯро гирифт.
Аз гуфтаҳои модари Рустам ягон-ягони он ба гӯши Парвона даромада буданд: «Аз рӯи ту аз бачам намонам мегӯям... Туро келин намекунам, мурам ҳам... Бачам ба ман азиз, якта аст...» Аз Рустам, аз модари вай рӯй гардонд, бо қаҳр, бо итоб... Вай роҳ мерафту намедонист, ки дар осмон аст ё дар замин... Тарафи хонаашон медавид. Чӣ номаъкулие кард, қадри худашро надонист, хор шуд. Модари Рустам дар ҳаққи вай ана... чӣ фикре доштааст... «ҳарҷопарак нашавад»...
Дар ҳавлии Рустамшон он рӯзҳо гӯё нохушӣ паи нохушӣ ҳамел мекашид... Якеаш аз дил дур нашуда дигараш сар мезад. Падарашро заданд, Калтаи касофат барои модараш шуда чанд бор аст, ки ба хонаашон меояд, рӯирост, беистиҳола... Падарашро ба аскарӣ бурданд...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо