Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳамин ҳам намехонданд, барои ҳамин ҳам одамон «босавод» гуфта ба он Қалтаи маслуқ мӯҳтоҷанд...
— Вай дар кадом як мактаби шаҳр ҳам хондааст мегӯянд.
— Ҳа, ин бадбахта зеҳнаш тез, илмро об карда хӯрдааст, ношукриаш, илмаш пеш-пешу худаш аз ақиб...
...Қалтаи Мансур дарвозаро боз намуд. Савора буд, савори ҳамон аспи ҷавмасти гулибодомаш.
— Оҷаи Рустам, — бо дастии қамчин ба соки мӯзаҳои ялақосиаш шарт-шарт зада нидо кард ӯ. Аз афташ, пеш аз хонаи онҳо омадан худашро хуб орою торо дода будааст. Дар танаш ҷомачаи шоҳии абр, дар сар тоқии гулибоғи нав, ришаш паст қайчизада... Бурутҳои дароз-дарози мошубиринҷасро миёни ангуштчаҳояш тоб медод.
— Оҷаи Рустам, — боз модари ӯро нидо кард Қалтаи Мансур... Модараш аз хона берун, дар дами дар буд. Лабони ғафс-ғафси Қалта ҳанӯз ҳам дар ханда. — Абдусаломро гусел кардӣ? Рафтагиаш нағз, қиқирос зад... — Дар қишлоқ ҳам худаш дигар ҳеҷ кас намонд-а? Як мо мондем, соҳиби ҳама... Як се-чор нафарашонро нигоҳ медоштем ҳам мешуду...
Вай пеши оҷаи Рустам худашро таърифу тавсиф мекард, аз обрӯ, эътибораш ҳарф мезад, вале Ҷамила сокит буд, гӯё Қалтаи Мансурро намедид, суханҳояшро намешунид.
— Чӣ, аз рафтани Абдусалом хафа шудӣ? — Қалтаи Мансур ба ниқоби дигар даромада, гӯё маъюс гардид. — Зиқ нашав, ҳар дард аз зиқӣ мехезад, касал мешавӣ, ҳайф мешавӣ... Қамоише бошад, ба худам гӯй, аз ҳолат бохабар шуда меистам, намемонам, ки хор шавӣ, охир ман зиндаам, намурдаам. Ба ту некию нағзӣ накунам, ба кӣ мекунам? Мою ту аз хурдӣ якдигарро медонем. Кӯдакҳои майда будем, бо ҳам калон шудем...
Агар Рустам саҳв накунад, Қалтаи Мансур қариб як соат аз болои асп ба модари ӯ гап зад, вале дар ҷавоб сухане нашунид. Ниҳоят аз бехудагӯй, ба гуфтае, ки даҳонаш мӯй баровард, монда, зиқ шуд магар, ки лаҷоми аспашро сар дод, аз ҳавлӣ рафт... Модару писар танҳо монданд. Беҳарф, бесухан ҳарду истода... Ба худ набуданд. Чӣ ҳам бигӯянд? Сокит, хомӯш буданд онҳо...
— Рустам, оҳой Рустам, — овози Парвонаро шунид.

пешина
аз 399
навбатӣ