Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Рӯз шуду панду насиҳатгӯҳои падар охир надоштанд.

...Дар сари кӯтал, ҳам падараш ба Рустам насиҳат мегуфт.

Баъд падараш бори охир баргашта ба ҳама «хайр-хайр»-и бисёре гуфту аз сари рухсораҳои Рустам бӯса зад, гарданашро ба оғӯш гирифт... Бо модараш ҳам хайру маъзур кард. Якдигарро онҳо гӯё дигар асло намедиданд, ки аз ҳам чашм намеканданд, нигоҳҳои маҳзуни онҳо байни мардум бо ҳам роз мегуфтанд. Модараш тоб наовард, ҳик-ҳик гирист, рӯяшро ба лаби остини гулдӯзии куртааш паноҳ кард. Баъди хайру хуш бо ҳама падараш ба ақиб нигоҳ накарда кӯталро нишеб шуд. Борхалтааш дар пушт. Аз миёни роҳ танҳо мерафт. Ба хаёлаш, ки вай роҳравон ба ҳамаи долу дарахтони деҳа, сангу чӯб, обу хоки он ҳарф мезад, хайр мегуфту хайр...


Бобои Рустам бо роҳи рафтаи падар бо роҳи рафтаи худ ба деҳа бармегашт, аз назди ҳамон садаи пир аз мавзее, ки рӯзҳои ҷанг фарзандони деҳа, муаллим Фирдавсӣ аз ҳамин ҷо ба корзор гӯсел шуда буданд.

...Модараш гандумдаравӣ нарафт... Аз пагоҳӣ гумҷӯ, ягон чиз гум карда барин аз як хона ба хонаи дигар медаромад, дарҳоро мекушоду мепӯшид. Гӯё падари Рустамро меҷуст. Ба назари Рустам низ ҳавлии калону хонаҳояшон вайрона барин тофтанд, нуру намудашон рафта буд. Ба гуфти модараш, онҳо бо соҳиби хона,— бо падари Рустам зеб доштаанд.

— Дадат ҳоли ҳозир дар Сталинобод будагист, бачам,— бо ҳасрат падари Рустамро ёд овард модараш.

— Чанд рӯз дар шаҳр меистанд?

— Намедонам, бачам.

— Баъд хат менависанд-а?

— Кӣ медонад, бачам, ин падари ту саводи дуруст ҳам надорад.

— Чиба он кас дар вақташ нахонданд? Мактабку будааст.

— Модарашон намондаанд, мактаб равӣ, кофир мешавӣ гуфтаанд.

— Беҳуда?

— Пеш одамон ҳамин хел хаёл мекарданд, барои

пешина
аз 399
навбатӣ