Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
удашро ғазаболуд нишон дод. Артист барин, ҳазор хел мешавад. Ба мақсад расид...
Ҳама корро ба Қалтаи маслук нисбат додани падараш ба Рустам намефорид.
— Не, дада, вай ба одамон повестка навишта наметавонад, аз район менависанд, вай ҳамин хел худнамоӣ, ман-манӣ мекунад. Баъд охир дада, ҳама ба ҷанг мераванд, бе Қалтаи Мансур ҳам мераванд.
— Ана, дидӣ, бачам, ту ҳолӣ ҳеҷ чиз намефаҳмӣ, ёшӣ, — гуфт боз падараш, — гуфтам-ку Қалтаи Мансур мор аст, вай одамонро бо ҳар роҳ мезанад, чунон мезанад, ки нафаҳмида мемонӣ, мемурию аз вай бӯбар намешавӣ, балогии вай ҳам дар ҳамин-дия. Хоҳад душманашро бо табар мекушод, хоҳад бо шакар... Қони макр, кони ҳилаю найранг аст ӯ. Хоки хонадони Фирдавсии муаллимро кӣ бехт? Одами боакл ин ҳодисаи нохушро аз хотир намебарорад, аз Қалта хазар мекунад. О ин корҳо дар зиндагӣ сабақ аст, бачам, мегӯянд-ку, ба кӯр асо... Баъд, бачам, — падар ҳамаи гапҳои дилашро имшаб ба вай гуфтани буд, ки насиҳат мегуфтӯ панд медодаш, — баъд, бачам, — гуфт боз ӯ, — ба келиншавандаи Қалта дигар гап назан. Имрӯз-пагоҳ тӯй карда니아нд... Ман аз ҳамин ҷиҳат ҳам метарсам.
— Гапи дадат рост, вай духтарак беҳаё, — гуфт модар низ. — Ба сари ту бало меовардагӣ барин. Ман ҳамин хел духтарони ҳрту пирт мекардагиро бад мебинам, аз дасташон ҳар кор меояд, бачам, ба бало мемонем...
— Рӯзи гузашта ҳамин духтар ба хона омада буд? — пурсид падараш. Рустам ҷавоб нагуфт.
— Ҳамсояҳо дидаанд, то бегоҳ дар хона ҳалмоҳулмак1 карда гаштед ҳардуят... Барои ин ман як ороишҳоятро гирифтанӣ будаму лекин ина бин, ки насиб набудааст.
Шаби дароз падару модар нахуфтанд. Гап мезаданд, таъйину номаҳои зиёде доштанд ба якдигар. Дар омади гап ба Рустам ҳам мегуфтанд, ки ин корро накунаду он корро накунад.
— Бачам, ман дигар имкони ягон сухан гуфтан намеёбам, дур меравам, ҷанг меравам, гапҳоям ногуфта намонанд мегӯям...
- Шӯхию бозӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо