Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
Дар хонадони муаллим Фирдавсӣ акнун касе намонда буд. Танҳо як зани ҷавону бесарбони муаллим. Муддаои дили Калтаи Мансур. Рӯзи дигар ӯро бо зӯрӣ бо дӯғу дангал ба хонааш бурд... Калтаи Мансур акнун соҳиби ду зан шуда буд. Буруташро табар намебурид, фукаш дар осмон, вай мегуфтааст:
— Касе бо ман душманӣ дошта бошад, холаш аз ин ҳам бад мешавад, ман ба сари душманам об мерезам, хокашро бод мекунам. Ана якеаш ҳамин муаллим Фирдавсӣ буд. Ҳолаш чӣ шуд? Ба дами марг додам ӯро, додаронашро ҳам модараш сӯхта-сӯхта мурд, падарашро ба паси панҷара кашидам, хонааш ҷулмарг, зоту зурӯаш ҳама кир шуданд. Занаш азони худам, дар хонаам... Ана, агар ман хоҳам ба одам чӣ мекунам...— Пеши худию бегона Калтаи Мансур мушт бар сина зада ифтихор мекардааст, делакидааст...
Падари Рустам хешовандон ва ҳамсояҳоро, ки барои хайру хуш ба хонаашон омада буданд, шаб то беруни дарвоза гусел карда ба хона баргашт. Дар рӯи суфа падару модар ва ӯ танҳо монда буданд.
— Бачам, акнун ихтиёри хонаю дар, зиндагӣ, модарат ба худат,— падараш бори нахуст ба вай чун ба одами калон муроҷиат мекард:— Ҳушатро ба сар гир, калларо кор фармо, бачагию беаклӣ бас. Бо вай Калтаи касофат зинҳор ягон гап нагӯй, сахт набиё. Ҳар чӣ фармояд «хуб» гӯй, сар паст кун. Одам аз вазнинӣ, сарпастӣ ба як ҷо мерасад... Ҳоло дасти вай боло, вай тока не, лаббайгӯйҳояш ҳастанд. Вай номарди Салими дарозро медонӣ, барои як пул, як тика1 нон занашро мефурӯшад. Нангу номус надорад, бешараф аст. Калта ӯро барои худаш аз аскарӣ нигоҳ доштааст. Метарсам, ки бо хоҳиши маслуқ ҳамин одам ба ту зиён нарасонад... Гуфтам-ку вай аз ҳеҷ кор рӯ наметобад, ҳайф нашавӣ мегӯям, ғами рӯи дилам шуда мондӣ, бачам! Ман худам бо вай ҳисобӣ кардаӣ будам, нашуд, халос хӯрд, боз аз касофатии ҷанг, ҷанг нашуд балои ҷон шуд. Дасту пойҳои мардумро бересмон баст. Калтаи Мансур барин маслуқҳо соҳиби гап, ба тори сарҳо баромаданд... Манро ҳам ба ҷанг нависонд. Дидӣ дина вай чӣ хел ба хонаамон омад, қариб рақс мекард. «Гир повесткаатро, ба ҷанг меравӣ»...— гуфта боз
1 Т и к а — луқма.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо