Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

аз сари кӯтал гирьяи кампири Фазиларо мешуниданд, як рӯз не, ҳар рӯз. Кампир аз пагоҳ то шаб менолид. Як зимистон ва боронҳои баҳорро ҳам ӯ ҳамин ҷо аз сар гузаронд.
— Хунук мехӯрӣ, занак, девонагӣ накун, бас, шукр гӯй, аз тақдир бин,— шавҳараш рӯзҳои барф вайро аз сари кӯтал хона бурдан мехост.
— Маро хунук мехӯрӣ мегӯй? Ман хунук мехӯрам?— Такроран мепурсид аз шавҳараш. — Бачаҳом чӣ?
Фирдавсӣю Нозим, Ҳикматулло дар ҷои гарманд? Дар таги кӯрпаанд? Худо мана ба ҷои онҳо бигирад, барвақттар саришта кунад.— Ба гапи шавҳари мӯйсафедаш намедаромад. Мегуфт, ки сангдил аст, фироқи шоҳтирҳояшро надорад. Мӯйсафедашро аз надаш меронд, сангу чӯбро ба сари ӯ ҳаво медод.
Дар тобистон кампири Фазила бесаробон монд. Қалтаи Мансур, ки аз паи зани Фирдавсӣ афтода буд, «хоҳад-нахоҳад вайро мегирам» мегуфт, ягона марди ин хонадон — шавҳари Фазиларо ба тӯҳмат печонд. Мӯйсафед мегуфтааст, ки то вай зинда аст, келинашро шавҳар кардан намегузорад, як чакра хунашро дар болои ӯ равшан мекунад, Қалтаи Мансур хушёр бошад.
Қалта роҳ меҷӯст, роҳи аз падари Фирдавсӣ халос шудан...
Як нимрӯзӣ пирамардро дар капаи хирманкӯбҳо хоб дида ба маркабаш як халтаи даҳондӯз гандум бор мекунаду онро ба роҳи қишлоқ меандозад. Сонӣ худи мӯйсафедро аз хоб бедор мекунад: «Паи кор шав, хирман ҷои хоб не, дар хонаат хоб меравӣ, хез!» — мегӯяд.
Мӯйсафед аз каппа мебарояд, ки маркабаш нест.
«Куҷо шудааст? Бандашро кандааст-чӣ?» Паи онро мегирад, ба роҳи қишлоқ медавад. Қалтаи Мансур ҳам аз паси ӯ, лекин савора. Ӯ маркабро бо бораш аз наздикиҳои деҳа мегардонад, мӯйсафедро дузд, ғоратгари моли ҷамъият эълон мекунад... Ӯро ба район мебаранд, ҳабс мешавад. Ҳамон шаби тобистон, ки пас аз ду-се рӯзаш падари Рустамро аз ҳамин ҷо ба ҷанг гусел карданд, нолаи кампири Фазиларо аҳли Гулоб то ними шаб аз сари кӯтал шуниданд. Баъд оҳиста-оҳиста хомӯш шуд ӯ, пагоҳаш ҳам овозаш набаромад. Пиразан чашм дар роҳи се фарзанди шаҳидаш нолида-нолида дар рӯи роҳ — болои хору хасҳо афтода мурда буд.
Қариби чоштгоҳ мурдаашро аз сари кӯтал бардошта, ба деҳа оварданд...

пешина
аз 399
навбатӣ