Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
қишлоқ... Дар он рӯзҳо мардум фарзандонашонро ба ҷанг то сари ҳамин кутал гусел мекарданд, кӯтале, ки алҳол пирамард Рустам рӯ ба он меравад, пас аз гузаштани қариб чилу панҷ сол. Рӯзҳои пурдаҳшати ҷанг рафтанд, ҳоло дар ин рӯзҳои бофароғат аз сари кӯтал гузар менамояд... Ҳамин ҷо мардум бо ҷигаргӯшаҳояшон хайр мегуфтанд, оғӯш ба оғӯш мешуданд.
Ҳамин ҷо дастони модар ба гардани дилбандаш ҳалқа мехӯрд, навҳааш баланд, фиғонаш ба осмон... Аз ҳамин ҷо модарон бо қомати хамида, дили шикаста боз ба деҳа баргашта кӯталро мефуромаданд, беҳанг, бемадор чун бемори нав аз доманаи дуру дароз хеста...
Баъзе модарон рӯзҳои ҷанг сари ҳамин кӯталро манзил гирифта буданд... Ба ақидаи аҳли ин маҳал чун чокак меҷокиданд, чок, чок, чок... Ҳодисаи ноҳуше, шояд аз он ноҳуштар воқеае дар рӯзгорон рӯй надиҳад, дар хаёлаш аз он рӯзҳо мондааст.
Пас аз хабари марги муаллим Фирдавсӣ ба номи модараш боз ду хат омад, хатҳои шум. Ҳар ду додари ба як хироҷи мамлакат меарзидаи муаллим — Ҳикматуллою Нозим фавтида будаанд. Ин хатҳо, хабари марги Фирдавсии муаллим модари онҳо — кампири Фазиларо девона, аз худ бехабар карданд. Субҳ ки медамид, кампир асо дар даст рӯ ба кӯтали деҳа мерафт, сари кӯтал, сари роҳи мусофирон мебаромад, миёни роҳи пурхок рӯймоли сарашро паҳн карда болои он чорзову мезад. Ку роҳакие, ки аз назлаш осуда равад?
«Ист» гӯён ҳар якеро навбат ба навбат манъ мекард.
«Қистӣ? Баҷаи худораҳматии фалонӣ мешам гуфтӣ?
Шинохтам, шинохтам... Куҷо меравӣ? Аз кадом тарафҳо меоӣ?...» Баъд ӯ мепурсид: «Ҳикматуллою Нозим, Фирдавси мана надидӣ?...» Ба саволаш боз худ ҷавоб мегардонд: «Дурӯғ аст, баҷаҳои ман зиндаанд... мебиёянд, ҳар сеяш боҳаманд, куҷое ҳастанд...» Рӯзҳое мешуданд, ки касе дар роҳ наменамуд. Роҳи дури ба хаёлаш беохир, беодам. Гӯё паррандае ҳам аз болои он намегузашт. Лекин чашми модару ҳамин роҳ. Орзу дошт: ягон писарашро аз ҳамин ҷо пешвоз бигирад, худаш, аз ҳама аввал худаш баҷаашро бинад, аз ҳамин ҷо ҳамроҳи ӯ ба қишлоқ дарояд, бо даҳони аз ҳанда ба бехи гӯшҳо расида. «Ана, бинед, сӯдиёна тиед, бачаҳокамро овардам. Гуфтам онҳо зиндаанд, худам медонистам...» Ҳамин орзуи кампири Фазила буд:
«Кошки орзума ба хок набарам» мегуфт... Аҳли Гулоб

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо