Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
Амак, ба вай Қалта гӯед, ки алафашро паст чарида гардад, падарам ҳам, ки аз вай тарсад Рустам аз қаҳр падарашро «ту» — гуфт,— ман наметарсам, вайро ман ба ин ҳолаш намемонам, хокашро мебезам. Вай худаш чӣ саг аст? Кӣ аст, вай? — гиряи Рустам омада аз сари дастархон хест.— Ман агар вайро накушам одам не,— хунгос зада ҷониби дарвоза тохт.
— Канӣ, ин тараф гард, канӣ, даматро гирифта дар ҷоят шин! Ҳе, ту хурӯсҷӯҷа, зӯрӣ накарда мурӣ, каллапар шавӣ, тармарг! — Падар вайро як шапотӣ зада аз роҳаш гардонда ба ҷояш оварда шинонд...
— Бачам, тез нашав,— ҳама хапу дам буданду амаки Нусратулло Рустамро насиҳат мекард,— о ҳоло ба очаи туро «биё» гуфтани Қалта вай ҳадаха давида ба хонаи ӯ нарафтааст-ку! Як гапе гуфтааст, гуфтааст-дия, саг-дия, номаъқул кардааст, хоб дидааст. Ту бачам, сабук нашав, дар як роҳу рӯ вайро дида боз «тую ман»
накунӣ, агар моро гӯӣ нафас набарор... Вай одамоер суд мекунад, ба милисаҳо дошта медиҳад, ҳар кор аз дасташ меояд...
— Майлаш вай маслук маро суд кунад, монедаш маро парронад, лекин ман очама ба хонаи вай рафтанӣ намемонам, мурам ҳам намемонам, очаамро соҳиб мешавам, ман бенангу номус нестам,— насиҳатҳои амаки Нусратулло ба ӯ кора накарданд.
Амаки Нусратулло ва падараш аз ҳавлӣ берун рафтанд. Вале дур не, паси дарвоза истоданд, гӯё ҷои мувофиқ ёфта буданд, ки сӯҳбаташон кӯр гирифт, ғур-ғури гапзании онҳо ба гӯши Рустам меомад. Аммо аз чӣ хусус гуфтугӯ доштанд? Ӯ намефаҳмид... Ғазаби ӯ нисбат ба падараш паст нашуда буд. Дар дил мазамматаш мекард: вай чӣ мард аст? Занашро Қалtai Мансур барин зот аз дасташ бурдани, лекин ӯ хапу дам, хомӯш. Рустамро ҳам зад, ки забон накушояд. Яъне ӯ ба Рустам гуфтанӣ: «мон, модаратро Қалtai Мансур ба хонааш барад, ихтиёраш, кордор нашав»... Ана падару мана падар... Дилаш аз ӯ хунук, ба порчаҳои ях баробар шуд. Бо вай дигар гап заданӣ набуд. Лекин намешудааст, пагоҳи ҳамон рӯз воқеаи рӯй дод, ки падару писар аз гуноҳи якдигар гузаштанд...
То сари кутали деҳа омаданд. Модараш ҳам буд,
амаки Нусратулло, Парвона, қариб ҳамаи хурду калони

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо