Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
дасташ бударо ба кадом як кунҷи ҳавлӣ яке паи дигар ҳаво дода, қафҳояшро, чунон ки хоколуд шуда бошанд, ба ҳам зада афшонд.
— Ба сари ман дод назан, Рустам, ман ягон кори ношоиста накардаам, «ҳа» нагуфтаам! — Димоғи Парвона сӯхт.
— Рустам,— овози падараш ӯро ба худ овард,— чашмот меши ҳаром мурдагӣ барин... ҳамин хел мешинӣ? Намебинӣ? — Модарашро, ки дар лаби ҷӯй истода, ба сатилҳо об мебардошт, бо ишораи даст ба вай нишон дод.
Рустам бо димоғи сӯхта ба тарафи ҷӯй равон шуд.
Амаки Нусратуллои бригадир падарашро чеғ зад ва махтали ҷавоб нашуда худаш дарвозаро кушод.
— Биёед, амак, биёед, — падараш ӯро бо рӯи хуш пешвоз гирифт.
— Биё, нагӯй ҳам омадем,— бригадир аз дарвоза дарун шуда онро пӯшид. Ҳамроҳ сари дастархон нишастанд. Модараш ба пиёлаҳо чой мерехт. Моҳтоб болои сарашон омада. Он аз дуриҳо, аз осмони софу пурситора ба рӯи суфа, болои дастархон равшанӣ меандохт. Якдигарро онҳо дар тобиши моҳ медиданд, гарм сӯҳбат доштанд. Амаки Нусратулло пиёлаи чойро аз дасти очаи Рустам гирифту рӯи дастархон намонда:
— Абдусалом, — гуфт, — намепурсӣ, ки ман чиба хонаат омадам.
— Худатон бигӯед, — гуфт падараш.
— Маро раис фиристод.
— Чӣ мегӯяд? — Падараш бепарво буд.
— Очаи Рустам аз пагоҳ дигар ба дарав намебарояд, хонаи раис рафтанаш лозим, занаш касал будааст. Баъд вай духтари Султонмуродро келин кардани, тӯй дорад, очаи Рустам ёрӣ расонад, мегӯяд.
Дар хотири Рустам намондааст, ки чанд лаҳза онҳо сокит нишастанд. Падараш ҳарфе гуфтаний буд ё
не? Намедонам. Модараш ба чӣ ҳол афтод? Надид,
ҳис накард. Танҳо худашро дид, ба модараш чашм
ало кардани Қалтай Мансурро тасаввур намуд... Ӯро
барои ба тӯй Парвонаю додари шалаш тайёрӣ дидан ба
хонааш мебурдааст. Дидаю дониста... Қалта паи модари Рустаму додараш барои Парвона... Аз афташ, ин
талаби Қалта ҳам ба падараш асаре надорад, аз афташ ҳанӯз дар ғами ба кадом мушхона задани худаш
аст, коре шаваду ҷанг наравад... «Дар ҷанг одамро мепарронанд,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо