Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Худашон навиштаанд?
— Ҳусни хати худашон не.
— Аҳволашон вазнин будааст?
— Ҳа.
— То ин ҷанг тамом мешавад, ки...
— Амаки Раҷабалӣ мегӯянд, ки ба ин наздикиҳо тамом намешавад.
— Амаки Раҷабалӣ, бечора, аз ду пояшон ҷудо шуда омаданд.
— Рӯзи ҳамаро сиёҳ кард ҷанг... Нав Қалта дар хонаамон буд. Мо ба ғами худамону вай тӯй мекунем мегӯяд. Худо занад ӯро.
Модарам гуфт, ки диламон сиёҳ, раис, ҳоло ин гапҳоро як тараф монед... Лекин ба вай гап фаҳмонда мешавад?
— Худо аз дилсиёҳӣ паноҳ диҳад, мо тӯй, хурсандӣ карданӣ,— мегӯяд.
— Рост мегӯед, раис, тӯй хурсандӣ аст, лекин мо хурсанд нестем,— гуфт модарам оби дидагонашро бо сари остини куртааш пок карда.
«Чиба шумо хурсанд не? Ҳамаатон сиҳат саломатку».
«Падари Парвона тир хӯрдааст? Хат омад, ана худатон хонед»,— модарам хатро пеши Қалта партофт. Вай дили бедилон мактубро гирифт, онро кушода гов занбӯр барин ғурунгос зада хонд.
— Эҳ, кудо, ман хаёл кардам, ки ягон нохушӣ рӯй додааст, ҳеҷ гап набудааст-ку! Султонмурод сиҳат, ярадор шуда будааст. Дар ҷанг ҳар лаҳза одамон мемиранд, ҷон медиҳанд, ҷанг ҳамин хел... Биёед, ҳоли ки хабари нохуш наомадааст, тӯйро гузаронем, тӯй кори хайр, кори савоб, як хона обод мешавад, ду кас ба як болин сар мемонанд, ба орзу мерасанд...— лаби дастархонро бардошта мактубро ба зери он ҳаво дод Қалта.
— Ба як болин сар мемонанд, ба орзу мерасанд, мегӯяд? — Рустам ҷаста хест аз ҷояш. — Бо ҳамон шалӣ Абдул ба як болин сар мемонӣ? Чӣ хел забонат гашт, ки ин гапро гӯй? Ё худат мехоҳӣ?
— Барои чӣ ту ин хел алов мегирӣ? Кори шудагиро нақл кардам,— гуфт Парвона.
— Модарат баъд чӣ гуфтанд? Он кас ҳам барои дар як болин сар мондани шумо розианд? Ба оғӯши шал даро, «ҳа», гӯй, гуфтанд? — Рустам чанд себи дар

пешина
аз 399
навбатӣ