Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— Роҳ дур, об набурданд, сӯхтам, — гуфт модараш. Баъд суфаи миёни ҳавлиро об зада рӯфт, гилем партофт, аз болои гилем кӯрпача андохт. Паи коре рӯ ба ошхона шуд. Рустаму падараш бо ҳам нишаста буданд. Аз ҳамон рӯзе, ки ба ақидаи модар, Рустам рӯи падарашро харошид, вай аз писар ранҷидагӣ барин. Хушаш намеояд, ки бо вай гап занад, дили Рустам ҳам аз падараш қариб мондааст. Ҳоло падару писар ба андеҳаҳои худ банд...
Дар ин чанд рӯзе ки модараш ба кор мерафт, Рустам хонабон буд. Аз ҳавлӣ берун намешуд. Ҳамон рӯзе, ки модараш аввалин бор ба кор баромад, ҳеҷ танҳо нишаст. Офтоб ба рӯи шохаҳои баланди себ зада буд. Себҳои сурх аз шуои он ранг мегирифтанд. Гулҳо барин метофтанд. Рустам болои себ баромад. Як бағал себ чида буд, ки аз дарвоза моҳи камнамояш — Парвона намоён шуд. Қебида-қебида меомад. Ҳаросон буд, ба дарҳои бозмондаи хонаи онҳо назар медавонд.
— Рустам, — гуфт ӯ нохост. Дар ҷавоб Рустам себи сурхи хушбӯеро ба сӯи Парвона ҳаво дод. Нигоҳи духтар ба ҷонибаш гашт. Ӯро меҷӯст.
— Аҳа, ана ту дар куҷо будӣ? — Парвона вайро дид. Лабомаш аз табассум гул барин шуданд, гули сурхи арғувонӣ, Парвона механдид, пайкари ӯ, ҷисму ҷонаш механдид, олам механдид.
— Фароям, — навдаҳои себро дошта, худро поён нишеб кард Рустам. — Пештар биё.
— Мегӯӣ, ки туро бардошта ба замин монам.
— Агар тавонӣ... Зӯрат мерасад?
— Не-е, ман аз он духтарҳои ноҳамвори ту мегуфтагӣ не.
— Ма, бигир, — Рустам себҳои бағалашро яке аз паи дигар ба домони Парвона партофт. Бағали ӯ холию домони Парвона пури себ шуд, себҳое, ки сурх, донаи анор барин. Ӯ аз болои себ фуромад ва онҳо дар лаби ҷӯй сари по нишастанд. Чашми Парвона ба об. Нигоҳи ӯро об мебурд. Вай якбора дар банди хаёл монд.
— Зиқ метобӣ, Парвона?
— Дилам танг шуд, як ҷо шишта наметавонам.
— Барои чӣ?
— Падарам дар ҷанг маҷрӯҳ шудаанд.
— Кӣ гуфт?
— Хат омад, аз беморхона.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо