Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
ба дили ман ханҷар заданӣ аст, туро нобуд мекунад, хонаам дар пуштам мешавад... Барои ҳамин метарсам, бачам! Ту маро тарсончак нагӯй, таъна назан!
— Ман наметарсам.
— Бачагӣ накун, — гуфт боз падар.
— Дадат рост мегӯяд, бачам, эҳтиёт шав, ба вай кордор нашав, — мегуфт модараш ҳам.
Падар каме хомӯш монда боз гуфт:
— Мо сабр мекунем, бачам, меваи сабр ширин аст. Ин рӯзҳои шум мегузаранд, ҷанг тамом мешавад. Соҳибони қишлоқ (мардҳо) баргарданд, худашон чӣ карданашонро медонанд. Ба одами саводнок каҳт зада бошад ҳам, намемонанд, ки ним рӯз вай раисӣ кунад, дастаю дӯконаш аз даст меравад. Баъд... ман ҳам гов нестам, ақл дорам, касдамро мегирам, аз Салими дарозаш ҳам...— Падараш аз ҷиҳати назди Қалтай Мансур хомӯшу музтар монданаш як олам далелҳо овард.
Вале бо вуҷуди ҳамин қадар бо сӯзу гудоз алами дил гуфтанҳояш Рустам падарашро бахшида наметавонист. Дар пеши назараш Қалтай Мансур. Савора вай, аз хандаи нозеб рӯяш бокароҳаттар мешавад, ба ҳамин ҳол ба модари ӯ шӯхӣ дорад. «Ҷамила, ту барои ман бегона не!» мегӯяд. Сари модараш хамтар мешавад, пеши Рустам, пеши шавҳараш... Лекин бачаи калону шавҳараш вайро аз ҳоли ногувор намераҳонанду...
Рӯзи дигар саҳарӣ падару модараш якҷоя аз хона баромаданд. Падар савори ҳамон ҳайвони сиёҳашону модар пои пиёда... Модар, дос ба сари китф, рӯ ба адиру пуштаҳо — ба ғаллазорон роҳ пеш гирифту падар ба ҷониби хирман. Пас аз ин онҳо ҳар рӯз вақти говгум ба хона бармегаштанд, хаставу монда, шалпар... муддате ба ҳамин минвол гузашт. Вале «кор баро» гуфта ба модари Рустам дӯғ задани Қалтай Мансур ба дигар маънӣ будааст: ӯро ба хонаи худаш бурдан мехостааст. Инро бригадир бобои Нусратулло гуфт.
Модараш аз кор омада, досашро ба як кунҷи пешайвон ҳаво дода, лаби ҷӯйчаяи миёни ҳавлӣ рафт, рӯяшро шуст, ки дар офтоб сӯхта, чун нони нав аз танур беруномада суп-сурх менамуд.
— Монда шудӣ? — Падараш ҳам нав аз сари хирман баргашта ва абгали маркабашро суст мекард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо