Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ту маро бенанг, беномус гуфтӣ? Гарданакатро канда мепартоям...

— Айб аст, дадош, истед! Наход ба як кӯдак сар ба сар шавед, астағфируллоҳ гӯед, худатонро ба даст гиред...— модари Рустам ба миён даромад, падарро аз шасташ гардонд.

— Ман ғами ҷони худамро мехӯрдаам,— ин суханҳои Рустам аз ҳад зиёд՝ алами падарашро оварда буданд, ки такроран ба забон меовард,— Агар ту барин фарзанд дар болои сарат будани маро нахоҳӣ, мурда-намро хоҳӣ, худи пагоҳ ба вайкомат меравам, маро ба ҷанг бар мегӯям, Пештар, бенавбат бар, бачаам ҳаминро мехоҳад, мегӯям...

— Дадош, ба бачаи худатон ситеза накунед,— боз насиҳат кард модар.

— Одами аҳмақ ғами фарзанд мехӯрад, ҷон меканад, бачам мегӯяд, беҳуда, ҳамааш беҳуда! О ман ба ту гуфта будам, ки ғами туро, ғами очаатро мехӯрам,— падараш боз сабаби дар пеши Қалтаи Мансур хаму дам истоданашро мефаҳмонд.— Аз хабари марги Фирдавсии муаллим омадан ду рӯз нагузаштаасту Қалтаи маймун аллакай талабгори зани вай. «Зани Фирдавсии муаллимро нагирам, рӯям сиёҳ» мегӯяд. Ҳамин рӯз агар ман ба ҷанг равам, пагоҳаш вай ба хона даромада меояд, бепӯшт-пӯшт, напурсида... Очаатро мегирад, бадному садном мекунад, худат аз дасти вай нобуд мешавӣ... Ана акнун тармарги ғамдарсар, фаҳмидӣ, ки ман барои чӣ сад муштро ба худ гирам мегӯяму як муштро ба кас надиҳам. Ё ман агар ба ҷанг равам, очаатро соҳиб мешавӣ? Аз ӯҳдаи ин кор мебароӣ? Аз Қалта наметарсӣ? — Ба саволаш ҷавоб мехост, ки падараш чашм ба Рустам андохт.

— Ман гардани вай маймунро мешиканам. Ба ҳавлиимон қадам монда наметавонад...— ғур-ғур кард Рустам.

— Ту ҳамин хел зӯр ҳам ҳастӣ? — ба дили тираи падар аз ифтихор шарорае афтод.

— Шумо агар ҳа гӯед, вайро мекушам, метавонам,— гуфт Рустам.

— Ана, дидӣ, мегӯям, ки ту ҳоло ёш, бачай,— падар акнун аз ҷаҳлаш гашта буд,— вай ба сари одам бо фириб, бо найранг об мерезад, вай танҳо мест, вай

1 Комиссариати ҳарбӣ

пешина
аз 399
навбатӣ