Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
Парвонаро тӯй карданианд... Худоё, Рустам он рӯзро набинад. Наход Парвонай вай ба касе дигар расад. Не, ин ҳол рӯй намедиҳад... Лекин ҳозир — Парвона ба суроғи ӯ хонаашон омад, модараш ӯро ронд, шармандаю беобрӯ кард, гапи ношунидаи Парвона намонд... Чашмони зебои ӯ ҳавзи об шуданд. Бо дидагони ашкбор вай ба хонаашон рафт. Айби очааш, ба вай носазо гуфт...
— Кори нағз накардед, оча, — бо модараш дигар гапи зиёд гуфта натавонист.
— Ғами туро мехӯрам, бачам, — модараш ҳам аз карда пушаймон буд. — Ҳамаш аз дасти он қасофат, — нигоҳаш ба сӯи ҳавлии Қалται Мансур гашт. — Рӯзи сиёҳи ҳамаамон аз он ҷо, бачам. Илоҳӣ хонааш сӯзад!
Бобои Рустам аз канори роҳи мумфарши миёни дара мерафт. Аз он мошинҳо мегузаштанд. Андаке пештар, ҳангоми ба дара фуромадан, аз сари баландӣ аз миёни хонаҳои Гулоби Боло ҷою манзили худашон ва ҳавлии Қалтаи Мансурро ҷӯё шуд. Аз миёни ҳавлиашон, аз таги сурхсеб, себе ки аз он як бағал чида, ба домани Парвона рехта буд, ҷӯи об мегузашт. Дар чор гӯшаи ҳавлӣ чор дарахти биҳӣ доштанд, онҳо баҳорон сап-сафед гул мекарданд. Гелосе дар як канори суфаашон соя зада буд. Пир буд, вале бисёр кундаю гиреҳ мебаст. Пагоҳиҳо Рустам дар лаби ҷӯӣ дасту рӯй мешусту баъд бо падару модараш болои суфа нишаста, чой менӯшид. Ҳамин ки офтоб ба рӯи боми ошхонаашон меомад, ҷӯраҳояш Сайфиддин, Садриддин ҳозир мешуданд. Парвона низ ҳамроҳашон. Онҳо бо ҳам гулчинӣ мерафтанд. Чанд теппаи болои деҳаро гузашта, аз Гулоб дур мешуданд, ба даруни сойҳои хилват медаромаданд, бозию паноҳшавакон мекарданд. Ҷӯраи меҳрубони вай Садриддин буд, бачаи амаки Нусратулло... Онҳо, ҳамсинфон, дар як парта менишастанд. Ҳоло аз хонаҳои баланду чӯбкории Садриддинино, аз ҳавлии худашон ҳам, нишоне набуд. Тарҳи деҳа, хонаҳои он ҳама дигар шуданд. Хонаҳои Қалтаи Мансур ҳам ба чашмаш наафтоданд. Ё дуои модараш мустаҷоб гашта, хонаҳои он золим ба хок яксон шудаанд?!
...Парвона гирён-гирён аз ҳавлиашон берун шуду осудагии Рустамро бурд: модараш хуб накард. Ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо