Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— Хайр фарз кардем, агар бошад, аз думаш мешудӣ?
— Гуфтам-ку, ту хушрӯй, ту парии Гулобӣ, модарат туро барои ман таваллуд кардааст.
— Дили онҳо ба дигар ҷо-ку! Ман гаҳворабахш.
— Абдул аз кӯдакиаш ҳамин хел касал буд?
— Ман гаҳвораи вайро начунбондаам-ку! Аз рӯзе рӯи ақл омадам, вай ҳамин хел, рӯи ҷо, шал...
— Агар ҷавони сиҳату хушрӯ мебуд, ту вайро мегирифтӣ? Нагӯ медидӣ?
— Агар худат барин мебуд-а?
— ...
— Аҷаб не...
— Ин хел нагӯй.
— Ман рости гапро мегӯям, дурӯғ намегӯям.
— Ба наздикӣ тӯй-а? Давлати акаи шал зиёд, вай раис, роҳат мебинӣ, малика мешавӣ...
— Таъна назан. Ба фикрат, ман чӣ кор кунам? Худам рафта ба хонаатон дароям? Ба падару модарам гӯям, ки туро гирифта ба ман диҳанд? Чаро худат хомӯшӣ, дам намезанӣ, ба даҳонат об гирифта гаштӣ?
Дӯстдории ту ҳамин хел рӯякӣ аст, медонам... — Табассум аз лабони Парвона парида буд.
Парвона рост мегуфт. Вай ҳеҷ вақт, аз бешӯй мурад ҳам, худаш ба хонаи онҳо намеояд. Ҳеҷ вақт, гаҳвораи Рустам аз осмон омада бошад ҳам... Падару модари Рустам аз рӯи урфу расми мардум ба хонаи онҳо бояд хостгор мефиристоданд. Аммо наметавонанд, Парвона зани дар фотиҳаи додари раис аст, раисе, ки аз номи ӯ дили ҳама дар ҳарос, «ҳамаро ба ҷанг — ба ҷои марг мефиристам!» гӯён ба сари мардум наъра мезанад. Падару модари Рустам чӣ хеле мегӯянд, ҳеҷ гоҳ ба болои раис асп намемонанд, ку ҷуръате, ки келиншавандаи ӯро «келин мекунам» гӯянд. Бе ин ҳам худашон аз Калта тарсидаю ларзида гаштаанд... Ана ҳамин хел гапҳо, лекин инро ба Парвона гуфта наметавонад, дамаш ба дарун... Ва аз Парвона бехуда гила кард...
— Хайр гӯй охир, ман чӣ кор кунам? Дар хонаамон гапи тӯй, тӯйи ману Абдуллоро сар карданианд...
Парвона аз Рустам мадад мехост. Вале вай ба Парвона ҷавоб гуфта натавонист. Бастаи китобҳои духтар аз болои зонуонаш ба рӯи санг, баъд ба замин афтид...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо