Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
шарраи об меомад. Он садоҳои хуш ҳоло ҳам ба самъи бобои Рустам мерасид. Парвона бастаи китобҳояшро рӯи зонувонаш монда буд. Занбӯрҳои асал дар он рӯзи офтобӣ болои ғуҷум-ғуҷум гулҳои гулобии зардолу нишаста мехестанд.
— Занбӯрҳо шираи гулҳоро мемаканд-а, Рустам? — аз занбӯрҳо ва гулҳо чашм наканда пурсида буд Парвона.
— Ҳа.
— Бибиам гуфтанд, ки бачаҳо ҳам ҳамин занбӯрҳои асал баринанд, як духтари хушрӯйро монда, ба духтари хушрӯйтари дигар мечаспанд, ҳушашон кашол мешавад.— Аз хандаи зебо рухсораҳои Парвона гул барин ранг заданд. Рустам ӯро ҳеҷ гоҳ он тавр зебо надида буд.
— Бибиат рост мегӯянд, Парвона, ҳамин хел бачаҳо ҳастанд, лекин кам будагистанд, бисёр не.
— Ту худат аз кадом хели онҳо?
— Ман ошиқи як гул, як гулро дӯст медорам, танҳо як гулро...
— Ҳамон гулат кӣ? Ба ман нишон намедиҳӣ?
— Ту вайро надидаӣ?
— Не.
— Он гули ман ҳамин ҷо, дар ҳамин наздикакам, дар паҳлуям...
— Канӣ нишон те, вай гули туро бинам.
— Чашмонатро пӯш.
— Ана, пӯшидам,— чашмони Парвона нимпӯш шуданд.
— Не, ин тавр не, маҳкамтар.
— Хайр, ана,— мижгонҳои дароз-дарози мушка барин сиёҳи Парвона бо ҳам баста гаштанд.
— Ана ҳамин духтараки хушрӯй гули ман, гули зебояки ман.— Рустам дасташро болои зонувони Парвона гузошт.
— Дурӯғ намегӯӣ? — чашмони бодомии Парвона механдиданд,— ман хушрӯ нестам, безебам.
— Аз ту хушрӯйтар нест, Парвона, дар ҳеҷ ҷой, дар тамоми дунё.
— Муҳобот мекунӣ, ту ҳамин хел бало, ба ту Худо забон додааст.
— Рост мегӯям.
— Бошад чӣ?
— Нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо