Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

...Бобои Рустам дараро поён шуд. Бори фикру хаёлот ба дӯшаш оҳиста-оҳиста ба пеш қадам меандохт. Аз оғӯши дара ҳавои сарду рӯҳбахш мевазид, бӯи хуши гулҳо, гиёҳҳо, меомад, нашъае, ки айёми хурдсолӣ аз он баҳравар мешуд. Бӯи гулу гиёҳҳо, бӯи хоку лои деҳа пирамардро боз ба ҳамон кӯчаю пайраҳаҳои дар давраҳои хурдсолӣ тайнамудааш мебурданд. Дарахтон ҳама назар ба он солҳо калон-калон менамуданд. Бехи аксари онҳо навниҳолон сабзидаанд. Дара сабзу хуррам. Пеш харакӣ ё аспакӣ аз ин дара мегузаштанд, баъзан сангҳо, танаи шахҳоро дошта-дошта, роҳ мерафтанд, меафтиданду мехестанд, боло, боз болотар мешуданд. Вале ҳоло роҳи мумфарш чун ҳошияи зебои нилфом ба танаи шаху баландиҳо печида-печида боло, рӯ ба сӯи абрҳои сари теғаҳои кӯҳ афтодааст. Сабукраве аз наздаш визӣ садо дода гузашт. Дар он айёми баҳорони дур сабзазорони тағи дарахтони дара ҷои бозиашон буд. Алалхусус дар ин фасли арӯси сол бачаҳою духтарони деҳа бештар ба ин ҷо меомаданд. Дарахтон ғарқи гул, дар борои гулҳо анвори офтоб... Занбӯрҳои асал виззосзанон аз гуле ба рӯи гуле пар мезаданд. Нигоҳи бобои Рустам аз санге ба санги дигаре мелағжид. Ниҳоят сангеро ёфт, ки бо Парвона боре ҳамроҳ болояш нишаста буд. Санги хорои теғадори калоне. Ҳа, ҳамон санг, пирамард онро ёфт, беҷо нашуда буд. Аз онҳо баланд буд ин санг. Вале акнун он ба қади вай баробар набуд. Қариб ду баробар қади бобои Рустам аз санг баланд, риши сафедаш ба сандуқи сина афтода. Агар Парвона ҳам зинда мебуд, ин санг пеши каду қомати ниҳоли вай пастакак метофт. Ӯ духтараки борикмиёни гандумгун ва қоматбаланде буд... Бобои Рустам инчунин он дарахти зардолуи пиреро ҷӯст, ки он рӯзҳо навдаҳои пургулаш рӯи санг хамбида буданд. Он дарахти зардолу набуд дар ҷояш, дар ҷои он олучаи навниҳоле рӯида. Баргҳои олуча каб-кабуд, ботароват. Парвонаю Рустам рӯи ҳамин тахтасанг нишаста буданд. Бобои Рустам ба танаи санг даст бурд. Пас аз чилу чор сол дасти ӯ боз ба он санг мерасид. Бо қафаш хокҳои болои сангро тоза карда, пойқашол рӯи он нишаст. Аз санг гӯё ҳикояти он рӯзро шуниданӣ буд. Лекин канӣ одами аз санги сард ҳарфу сухане шунида?... Аз дур, аз камари кӯҳ, аз қаъри дара ба гӯшаш

пешина
аз 399
навбатӣ