Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
аз давлату савлат, аз карру фар, обрӯю эътибораш ҳарф гуфта, ба дили дӯстдоштааш — Ҷамила, ки пас аз чанде дуриҳо аз висолаш ҳоло пешаш меистод, роҳ меҷуст.
— Ҷамила, ҳамин вақтҳо хонаи мо сермеҳмон, — ӯ нӯки гапи дилашро баровард. — Аз район, ҳатто аз Сталинобод меоянд, синосу ҷӯраҳо аз ҳад зиёд. Деҳҳо болои деглон, қариб ҳар рӯз як гов ё гӯсфанд мекушанд.
Хона бозор барин, даробаро... ба як худи Зарифа (занашро дар назар дошт) душвор, ба по рост мондааст, хонаи мо биё, тавонӣ, ба вай ёрӣ расон, ё хоҳӣ, — бо ханда суханашро давом дод Калта, — вайро кор фармо, фармон деҳ, чӣ ки хоҳӣ, гир, ихтиёрат. Хӯр, гир, хонаат биёр, дур нагард. Аз ҷиҳати дигар кори хонаи мо ҳам кори колхоз ҳисоб мешавад, хизмати намояндаҳои давлатро мекунӣ, рӯзи меҳнат медиҳам. Пагоҳ албатта хона биё, Ҷамила, охир ту бегона нестӣ-ку! Ё намебиёӣ?
Ҷамила ҳамчунон ба пеши пойҳояш чашм медӯхт.
Суханҳои Калтаи Мансур оё ба гӯши ӯ медаромаданд?
Вай чӣ ҳол дошт? Рустам аз дили модар огоҳ набуд.
Вале дили худи ӯ дар синааш бирён буд, месӯхт. Калтаи Мансур дар пеши Рустам бо модари вай шухию бозӣ кардан мехоҳад, изҳори ишқ дорад, «ба хонаи ман биё, ту бегона нестӣ» мегӯяд. Ҳа, модарашро Калта хорӣ медиҳад, модараш ночор мондааст. Илоҷ намеёбад. Аммо писари калонаш пеши даҳони бефаревези як маслукро гирифта наметавонад. Айб аст, мурдани писар беҳ, бенестиаш бод! Падар чӣ? Вай Калтаи Мансурро дидан замон ба хона даромад, паноҳ шуд.
Аз тарс, ки қаҳри Калта наояду ба ҷанг нафиристад...
Мард ин хел намешавад, мард мурад ҳам бояд мардона бимирад? Вале падари ӯ... Албатта, ҳоло гӯшаш ба суханҳои Калта будагист, мешунавад, мешунавад, ки як нокас ба зани ӯ гап мепартояд, дар рӯи ҳавлии худаш... Боз вай чӣ марде, мард ҳам не, як шакле, суммоте, аҷоиботе... Ё худи Рустам бархезаду аз каштали Калта гирифта ӯро аз пушти асп ба замин афканад? Баъд чӣ хеле мегӯянд, як ном дар ҷаҳон гуфта хуб ӯро лат кунад, то мурда афтоданаш занад?...
— Биё, албатта, хона биё, — аз ин сухани Калта ба худ омад Рустам. Ӯ ба модараш боз як бор нигариста аз ҳавлии онҳо берун рафт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо