Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

хӯр, бачам, агар не, ҳайф мешавӣ, — падараш лаби докаи сарашро, ки болои абрувонаш омада буд, боло, ба тағи гиреҳ руст кард ва дасташ паси пушт якто-якто тарафи пешайвон қадам мепартофт.

Ҳанӯз Калтай Мансур аз хаёли онҳо нарафта, гапаш аз забонҳо наафтади ҳар ду табақаи дарвоза шараққоззанон кушода шуду худи ӯ савора ба ҳавлӣ даромад. Ба миёни ҳавлӣ расида, сари аспашро бо шаст ба ақиб ба ҷониби пешайвон тофт. Модари Рустам дар тағи пешайвон лаби рӯймоли ҳарири сафеди сарашро, ки ба рухсораҳои гулобитобаш ва чашмони дилҷӯяш мезебид, миёни дандонҳояш газида, ҳайрон монд.
Рустам паҳлуи ӯ. Дар ҳавлӣ сукунате сар зад. «Калта ба келини ӯ ду тоқӣ чормағз додани Рустамро шунидааст, ана чашмони калон-калони баднамудаш ғазаболуданд...» фикр мекард ӯ.

Нигоҳи Калтай Мансур ба рӯи Рустам давид. «Ҳа, барои ӯ омадааст. Салими дароз ҳам дар ҳамин наздикиҳо, аз паси вай будагист. Ҳамин холо даромада меояд...»

— Ҷамила, — гуфт Калтай Мансур рӯ ба модари Рустам истода, — аз пагоҳ ту ҳам ба кор мебарӯй, хонашинӣ бас! Досатро гир, гандумдаравӣ рав, аз гапи ман набаро. Шунидӣ-а, ба дарав рав, гуфтам, — таъкид кард ӯ.— Ё ба ту дарав маъқул не, миёнат дард мекунад? — Хандааш омад, — душвор аст? Ихтиёрат...— овози ӯ нармтар гашт.

Вале модари Рустам даҳон намекушод, сокит буд.
— Гап зан, Ҷамила, хап истодан фоида надорад.
Ё барои ту ягон кори сабуктар ёбам? Меёбам. Лекин бекор гашта намешавад, қонуну қоидаҳо ганда. Агар ман хоҳам, ба сари ин хел одамҳо бало мебиёрам, рӯзи одамро шаби тор мекунам. Чӣ гуфтӣ? Ё, наметавонӣ, мегӯй?

Модараш борҳо гуфта буд: дар тамоми умр, ҳатто дар рӯзҳое, ки Калта аз пасаш сӯхта-пухта медавид, ҳарфе ба ӯ эб Надида, назаре ба рӯяш наафкандааст.
Ҳоло Калтай Мансур дар рӯ ба рӯяш истода аз вай гап мепурсад. Сари Ҷамила ҳам... Калтай Мансур нафаскашии ӯро мешунид, нафаскашии дилбурдааш. Дилаш гуму гиреҳ мезад. Осуда набуд, худашро гум кард, сухан дар нӯки забонаш монд, гап намеёфт. Вале, аз афташ, вазифа — раиси колхоз будани худро ба хотир оварду боз мағрур шуд. Бо суханҳои пурдабдаба

пешина
аз 399
навбатӣ