Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
Ӯ ба ҷанг равад ба Рустаму модараш албатта, ҳеҷ гап намешавад. Падари ҳамаи бачаҳо дар ҷанг, ба онҳо ҳеҷ воқеа рӯй надодааст-ку! Қалтаи Мансур он бачаҳои бепадарро, модарони онҳоро нахӯрдааст. Не падараш дар ғами ҷони худ. Ҳа, ҳамин тавр, аз тарс...
— Нағз накардед, дада, — гуфт Рустам.
— Чиба?
— Тарсидед.
— Аз ҳамонҳо?
— Ҳе.
— Аз кӣ?
— Аз ҷанг...
Ба рӯи падар Рустам гӯё беибо шаппотие фаровард. Ин хел... ба рӯи вай асло надавида буд. «Метарсед, аз ҷанг метарсед» гуфт. Ба падар ин зарби лати ӯ чӣ асаре монд? Чисму ҷонаш ба дард омад? Чӣ ҷавоб мегӯяд? Ниҳоят падараш ба Рустам гуфт:
— Ҷанг, бачам, Гулоби худамон не, ки ба ҳар ҳол осуда гардӣ. Он ҷо одамро ба нишон мегиранд, мепарронанд, мекушанд! Аз саршавии ҷанг ду моҳ нагузаштасту аз қишлоқамон бист кас рафт. Ягонтаашон омаданд? Хабари марги бисёрашонро роҳӣ карданд, дигаронашон ҳам, эҳтимол мурданд, дар мусофириҳо ҷон доданд. Муаллим Фирдавсӣ канӣ? Фиғони зану кӯдаконаш дар осмон... Ман ҳам агар равам садаи ягон тир мешавам, хабари маргам меояд, оби дидаи очат дар параи рӯяш мешавад... Ту бо модарат танҳо мемонӣ... Ана ҳамин хел, бачам. Ман як ғами ҷони худамро не, ғами шумоҳоро ҳам мехӯрам...
Суханҳои падар ба дили Рустам кора карданд. Дар ҷанг одамонро нишон мегиранд, мепарронанд, мекушанд... Дер не, зуд...
— Бачам, то ту як чизро мефаҳмӣ, ки ҳоло хеле гап... Шукр гӯй, ки падарат дар болои сарат соку саломатанд, хор намешавӣ... Модар ҳам ӯро сарзаниш кард.
— Рост мегӯяд очаат, ҳар гул дар буттаи худаш бӯй дорад. Худо гӯй, ки аз чор чашми ҳаёт намонӣ, сағера нашавӣ. Сағедагӣ рӯзи сиёҳ аст, талх аст, бачам.— Падар боз ба насиҳат пардохт: — Ту бо вай келиншавандаи Қалтаи Мансур дигар гап наандоз. Халқу худо медонад, ки вай духтар ба додари раис гаҳворабахш, ба наздикӣ тӯй мешаванд... Масъалаи зан ганда, нанги одам аст зан... Қаҳраш меояд, ғами ҷонатро

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо