Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
Забон баровардӣ?.. — Калтаи Мансур, говрона дар даст, гирди Абдусалом гирди чоши ҷав печ хӯрдааст. Говронаро ба замин задаю ба осмон бардошта, девона барин шудааст. Аммо падари Рустам дар ҷавоби ҳамаи ин бадигариҳои Калтаи Мансур ҳарфе нагуфтааст.
— Аз забон мондӣ? Гап зан, санг нестӣ-ку, одамӣ, ҷон дорӣ. Ё нангу номусат нест? Аз тарс лап зада мондӣ? Дар замонаш маро одам ҳисоб намекардӣ, механдидӣ... Аз хотират рафтанд он рӯзҳо? Лекин корҳои кардагии ту аз ёди ман намераванд. Имрӯз акнун навбати мо, кори дунё ҳамин хел — бо навбат...
Доғҳои аз Абдусалом ба дил гирифтааш ба сӯзиш меоянд, тоқаташ намемонад ва бо говрона ба сари Абдусалом мефурорад, боз ва боз... Болои чашму абрувони Абдусалом хун мешорад. Сараш аз худаш не, гӯё кафида пора-пора шуда. Салими дароз ҳам, ки табаклеси раис шуда аз ӯ лаҳзае ҷудоӣ намегирифт, ба сӯи Абдусалом мешитобад ва сару рӯи пурхуни ӯро дида, ҳаво мегирад.
— Ту раисро бесоҳиб гумон кардӣ? Бекас аст? Не, то ман зинда бошам, намегузорам, ки ба пои вай хоре халад. Ту барин кӯҳнадушманҳои раисро саришта мекунам, мезанам, мекушам!! — Ӯ ба Абдусалом дарафтода гиребонашро сар надода вайро дӯғ мезаду дӯғ: — Канӣ, худи ҳозир, ба пеши пои раис зону зан, хоки пояшро бӯс! Ҳа, агар ҳамин тавр накунӣ, саратро аз ақибат мегузаронам. Ҳа, канӣ ҳам шав! — Вай Абдусаломро рӯ ба замин мекашид, таҳдид мекард, лекин зӯраш намерасид.
Калται Мансур ва Салими дароз ӯро боз чанд мушту лағат заданд.
...Падари Рустам оҳ кашид.
— Бачам, хаёл накунӣ, ки зӯри падарат ба ҳамин Калтаи маймун, баъд... ба вай ҳардумаи сари ёла (Салими дарозро дар назар дошт) намерасад? Не, бачам, ман агар даст катӣ кунам мардака рӯдаашро канда мепартоям. Ин Калта чӣ? Ваяш кӣ?! Боз се-чорӣ дигарашон ҳам ки ҳамроҳ шаванд, мезанам, гардан намедиҳам. Лекин, бачам, андеша мекунам. Мегӯянд-ку рӯямро сиёҳ кардааст ду бута ришам. Ғами тую очаат дар дилам. Агар ман ба ҷанг равам, ҳоли шумоҳо чӣ мешавад? Шумоҳоро гуфта зарбу латро ба худам гирифтам, забон таги дандон мондам.
Боз ҳамон гап: Ба ҷанг наравам мегӯяд падараш меҳаросад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо