Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ту бачам, ҳоли ёшӣ, — гуфт падар.
— Чаро?
— Бепадари мемонӣ, бачам.
— Чиба?
— Ба касе, ки гапи Қалта гурезад, вайро ба ҷанг равон мекунад, ба ҷӯши марг, — падараш шарм надошта ҳароси дилашро гуфт. Ана барои чӣ пеши Қалтаи Мансур забони падараш мегирифтааст, ӯро дида гунгу кар шуда мемондааст. Ғами ҷонашро мехӯрдааст падараш.
Падари Рустам аз тарси он ки бо Қалтаи Мансур ҳамгапу лаб ба лаб нашавад, асло аз кор намемонд. Субҳдам досу бандашро гирифта, ҳангии сиёҳашонро ҷул задаву онро пешандоз карда, аз дарвоза берун мешуд. Шабҳо вақти торикӣ фаромадан хастаю шалпар, монда шуда ба хона меомад, бо димоғи сӯхта хоб мерафт. Гӯё ягон лаҳза Қалтаи Мансур аз хаёлаш дур набуд.
Бо хубию нағзӣ, бо дам ба дарун гаштанҳои падараш ҳам нашуд. Қалта ӯро, модари Рустамро аз хотир набароварда будааст. Инро падараш ҳикоят кард.
Чанд рӯзи охир Қалтаи Мансур бо вай баҳонаи ҷанг мекофтааст, манша карда гап меандохтааст. Аз падари Рустам ҳеҷ садо, ки намебаромадааст, дашном медодааст. Вале Абдусалом гӯшҳояшро ба карӣ андохта дашномҳои қабеҳи Қалтаи Мансурро фурӯ мебурд, тоб меовард. Аммо нашудааст. Мегӯянд-ку, ҳазор рост гардӣ ҳам ба душман гап ёфт мешавад, ҳеҷ ки нашуд, ӯ мегуфтааст: думи сагат каҷ. Барои ҷанҷол Қалтаи Мансур баҳона меёбад.
Аспи Қалтаи Мансур, ки дар як гӯшаи хирман сари охури ҷав бастагӣ будааст, аз гулмехаш раҳо хӯрда сари ҷоши ҷав медавад. Фукашро ба ҷош лағат карда кумур-кумур ҷав хӯрдан мегирад. Аспи ҷавмаст гоҳ-гоҳе халос зада ҷоши ҷавро бо пойҳои пешаш ба ҳар тараф тит мекунад, ҷав ба даруни хору хас, ба рӯи хоктӯдаҳо пош мехӯрад.
Абдусалом, ки аз як тарафи ҷош ба ҷуволҳо ҷав мебардоштааст, химчаеро бардошта ба сари асп давидааст, «чу, сабилмонда» гуфта аспро як химча задааст. Асп тур бардошта гурехтааст. Ҳамин ҳолро Қалтаи Мансур нигарон будааст, ки аз таги капаи хирманкубҳо парида аз ҷояш хестаасту говронаеро аз пеши пояш бардоштааст.
— Сабилмонда мегӯӣ? Аспи мана ту сабил мегӯӣ?

пешина
аз 399
навбатӣ