Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Зоғҳо аз шохҳои баланд-баланди чормағзҳои раҳматӣ Исмоилхон қоғ-қоғ зада парвоз карданд. Онҳо аз болои деҳа, хонаҳо, боғу майдонҳо коҳилона бол мекашиданд. Гузаштаҳои дур аз лавҳи хотири бобои Рустам рафтанд. Вай боз ба Гулобод омада буд. Сабукрави осмонранги зебое ба ду-се нафар бачаҳо, ки рӯи роҳ бозӣ доштанд, сигнал дода пеши магазинро тоб хӯрд. Се духтари куртаи атласпӯш, ки тӯпҳои якхелаи зардӯзӣ дар сар доштанд, пасопеш аз зинаҳои бинои кафеду озодаи дуошёна, ки хонаи зардӯзон буд, поён шуданд...

Бобои Рустам Гулоби Поёнро гузашт. Рӯ ба Гулоби Боло мерафт. Дар пеш дара. Онро нишеб мешуд. Айёми хурдсолиаш дар ин дара сайр мекард. Имрӯз ҳам он сердарахт, кабудизор, имрӯз ҳам ҳарду ҳиссаи Гулобро бо ҳам мепайваст ин дара.

...Рустам пай мебурд, ки падару модараш аз Қалтаи Мансур меҳаросанд. Номи вай, гапу ҳарфаш чун абри сиёҳе болои хонадони онҳо соя андохт. Бале, падараш аз Қалтаи Мансур тарсида буд. Ба воҳима афтода, ҳаросашро, ҳатто, дар пеши занаш пеши Рустам ҳам пинҳон намекард. «Қалта ганда, ҷоҳилу касофат аст», мегуфт. Рустам дар ҳайрат буд, ки падараш барин як бӯзбалаи хузарб чаро аз Қалта тарсида мондааст. Қалта ҳам одаме, ки аз ӯ тарсӣ? Вай охир одам не, ними одам. Қадаш чунон паст, ки даруни алафзори баланд дарояд, гум мешавад. Қобиаш намеёбӣ. Ана аз ҳамин шакл падари вай дар ҳарос, шабҳо ӯро ба хотир оварда аз ҷои хобаш парида мехезад. Аз ин ҷиҳат ба падар ихлосаш ҳам намондааст. Хайр, агар ҷудо аз вай дилгазон шуда бошад, ихтиёрашро ба Рустам гузорад. Ӯ Қалтаро кафмол мекунад, таги по карда мекушадаш. Ё чашми падараш аз ҳамон хеши ӯ Салими дароз, ки пас аз раис шуданаш подабониро бас карда ҳамроҳи вай мегашт, пуштибонаш шуда буд, ҳарос хӯрда бошад. Хоҳад, Салими дарозро ҳам зада маҷақ карда мепартояд. Охир дар бисёр гӯштинҳо дидааст, ки барои бо падари ӯ зӯрозмудан талабгор ёфт намешуд, як паҳлавони номӣ. О хайр ӯ чаро аз Қалта метарсад. Сабабе будагист, беҳуда нест. Вай боре ҳамин андешаҳояшро ба падар баён намуд.

— Аз ҳамин Қалтаи Мансур метарсед? — пурсид.

пешина
аз 399
навбатӣ