Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
рафту ҷаҳида рӯи санги калоне баромад. Акнун ҷои қулай, ки ёфта буд, даст боло кард, дастаи камчин миёни панҷаҳояш омад, онро бо як силтав аз дасти Қалтаи Мансур бурда ба сари худи вай давид. Нӯки дастаи камчин ба чаккаи Қалтаи Мансур бархӯрд, болои чаш-монаш хун нишеб шуд. Вале Қалта ақиб намегашт, бо доду мағал қишлокро ба сар бардошта буд, болои Са-идбек асп мемонд. Замин кафида, гӯё одам баромад. Паси дарвозаи Саидбек пур шуд, ҳама тамошобину ҳангомаҷӯй, Қалтаи Мансур чун лӯхтак сари узангу ис-тода мегуфт: «Пилтай хомро аз гӯшат бардор, ман ба-рои ту амаки Нарзулло нестам. Номи ман Мансур, ман аз хоки дигар, ман ҷони одама маст мекунам, коре ме-кунам, ки авлод ба авлодат ба хотир биёрад, ба хотир оварда мӯи баданашон шиғ шавад, дар баданашон мурғак дамад, молу мулк, чизу чораатро байни колхо-зу худатро ба ҷанг каратаёк1 мекунам, агар ҳамин па-гоҳ ҳамин корро накунам, хонаам ба ман ҳаром, аз ка-мари падарам нашуда бошам, чашмонатро мош барин мебарорам.— Болои зин Қалтаи Мансур халтае барин менамуд, халтае, ки аз он овоз меомад, овози пурдах-шат, пургалогула, гӯшхарош. «Ин кист? Қалта аст? О вай муши мурда буд-ку. Худи говзанбӯр барин бингос мезад, овозашро намешунидем. Раис шуда ҳамин хел овоз баровардааст? Тавбае! «Бедастая дастаю калбу за шох нате» гуфтани одамон рост будааст. Ҳозирон аз тааҷҷуб гиребон мегирифтанд. Мардум боазоб ба ҷан-ҷоли байни Қалтаи Мансуру Саидбек файсал дода хона ба хона шуданд.
Вале Қалтаи Мансур думи Саидбекро сар надод. Па-гоҳӣ рӯзи дигар ҳамроҳи як намояндаи комиссариати ҳар-бии район ба дари ҳавлии вай омад. Ӯ савори ҳамон аспи чавмасти гулибодомаш буд.
— Саидбек! Саидбек!!— ба паси дарвозаи ӯ, бо дастаи камчин тарак-тарак зад вай. Саидбек шитобон аз хонааш берун шуд. Абрувони ғапс-ғафси Қалтаи Мансур болои чашмони обравшудааш фуромада. Вай беҳарфу сухан, вале маълум буд аз ғазаб худро нигоҳ дошта наметавонад: дастонах меларзиданд, тахти рӯяш сиёҳҷатоб гашта буд, аз кисаи пеши бари костюмаш коғазеро гирифт, онро ба Саидбек дароз кард.
1 Қаратаёк — ба маънои пеш кардан.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо