Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— Ана гир, — гуфт. Чӣ вараке буд, Саидбек дар аввал нафаҳмид.
— Ин чӣ? — бо ҳарос ва бо овози гирифта пурсид Саидбек.
— Хон, агар чашмот нагузаранд, худам хонда медиҳам. — Калтаи Мансур пас аз лаҳзае давом намуд: — Ин повестка аст, ба ҷанг меравӣ, — раис, мағрурона лаҷоми аспро тарангтар кашид. Чонвар безобита шуда, гарданашро дам ба дам пеш меёзонд ва дасти Қалта пайҳам силтав мехӯрд, аспро нигоҳ дошта наметавонист, ҷонвари безабон рост-рост мехест, бозӣ мекард.
— Медонистам, ки аз дасти ту ин кор меояд. Нағз кардӣ, ҷанг рафтан барои мо — мардҳо қарз аст. Зинда монем, боз мебиёем, бо ту вохӯрем, ҷои гурез намеёбӣ... — Саидбек ба ҳавлиаш даромада, бо қаҳр дарвозаро аз пасаш сахт пӯшид.
Дар деҳа гапи нав пайдо шуд: Саидбек шаб дили раисро сиёҳ карду пагоҳӣ рӯзашро дид, деру дур нагузашт. Худо гӯед, ки гапатон бо ин ҷанасҳи Қалта нагурезад, абошод вай ба сари ҳама офат мебиёрад, метавонад... Ҳамаро ба ҷанг мефиристодааст, занҳоро ҳам... Худаш гуфтааст. Лекин ба гӯши баъзеҳо гапи дигар ҳам хӯрд: ба номи Саидбек даъватномаи ҳарбӣ пештар омада будааст, Қалтаи Мансур онро нигоҳ доштааст, барои худнамоӣ, алови чашмҳоро гирифтан бо Саидбек роҳи ҷанг ҷустааст. Боз «ман, ман» гуфтанӣ будааст...
Аз зарбаю зобитаи Қалтаи Мансур воқеаи дигаре ҳам дар хаёли мардум мондааст.
Ӯ савора сари подаҷо меояд. Подабони кӯҳансол Аввалмурод таёқаш дар сари китф пайдо мешавад.
— Аз куҷо омадӣ? — пирамардро аз роҳ мегардонад раис.
— Аз сари пода.
— Пода дар куҷо?
— Дар лаби ҷари Кафтаргазар, духтаронам бонӣ мекунанд.
— Подаро ин тараф, — бо дасти қамчин сӯи теппаҳо ишора мекунад ӯ. — Ба Пистадара ҳай кун!
— Он ҷо алаф нест-ку. Ду рӯз пеш пода дар Пистадара мечарид.
— Алаф дорад — надорад кори ту набошад, мӯйсафед, гапи раис гап будагист. Ҳозир подаро аз ҳамин ҷо — аз пеши ман гузаронда ба Пистадара мебарӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо