Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

да, аз мақсади ӯ бехабар, бо маънии «хӯш хизмат?» рӯ ба рӯяш истод.

— Саидбек, ман чиба туро ҷеғ задам медонӣ? — Калтаи Мансур лаҷоми аспашро кашида пойҳояшро, ки ба узангу қариб намерасиданд, ба танаи асп ҷафс кард.

— Не ку, хайр ку бигӯ, чӣ мехоҳӣ? — нописандона хандид Саидбек.

— Бозоргардӣ акнун бас, ҷӯра, ҷигар аз кор ақиб намемонӣ. Пагоҳ досатро гиру ба дарав рав, барвақт, офтоб набаромада. Ман худам сари даравгарҳо меравам. Агар бинам, ки нестӣ, дилат сиёҳ мешавад, ҳафа мекунам, — гуфт Калта.

Саидбек дар аввал моту мабҳут гашт. Ба гӯшҳояш бовар намекард, ки Калтаи Мансур ҷуръат карда ба вай гап мезанад, ба кор баро, мегӯяд... Баъд хандааш омад, даст ба сари дилаш монд, коҳ-коҳ зад.

— Ту худат кистӣ? Ба худо ки намешиносам,— Саидбек кафи дасташро ба пешониаш лапар карда аз наздиктар ба рӯи Калтаи Мансур зеҳн монд,— Эъ, ту ҳамон Калтаи Мансурӣ-ку! Ё чашмони ман намебинанд, хира шудаанд? Фанд хӯрдам? Не, ту Калтаи Мансурӣ, худи худат. Лекин гапзаниҳоят дигар...— баландтар хандид.

— Масхарабозӣ накун, Саидбек, бо ин роҳҳо халос намеёбӣ, агар дар ҳақиқат чашмонатро сафедӣ гирифта бошад, маро нашиносӣ, ман Мансур Ҳотамов, раиси колхози «Гулоб», шунидӣ, аз пагоҳ дер намонда ба кор мебарӣ.

Саидбек боз хандид, вале аз ханда ин дафъа дарҳол худро нигоҳ дошт.

— Ту раис шудам мегӯӣ? Маро «кор баро, нонатро ҳалол карда хӯр мегӯӣ?! Дӯғ мезанӣ?! Як бори дигар ту аз модар таваллуд шав, ин хел не, одамсурат ба дунё биё, ана ҳамон вақт аҷаб не, ман ба ту гӯш диҳам. Аммо ҳозир узр, ҳозир ту ба одам монанд нестӣ, гапзанин ту чию алафхӯрии саг чӣ? — рухсораҳои Саидбек аз ғазаб сурхи алвонӣ шуданд.

— Таъна назан! Пушаймон мешавӣ, пеши пойҳоям меафтӣ, зорӣ мекунӣ, дер не, ҳамин ҳозир ба зорӣ медарой... Калтаи Мансур аспро ба болои Саидбек тунд карда паи ҳам ба сағрии он чанд камчин андохт. Саидбек худро ба танаи девор кашид. Аз ҳарос чашмонаш нимпӯш шуданд. Вай ба ҳамин ҳол оҳиста-оҳиста ақиб

пешина
аз 399
навбатӣ