Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

ҳар йигитҳои деҳа даъватнома омад. Аз чӣ буд, ки даъватномаҳоро худи Қалтай Мансур ба хонаҳо мебурд.
Мардум маъюс, ҳама ҷо ғамкада буд. Вале Қалтай раис ба ғаму аламҳо шарик набуд. Вай гӯё аз осмон афтода, ба касе пайванд набуд. Хурсанд мегашт, аз ханда даҳонаш то бехи гӯшҳо. Байни мардум овоза буд:
Ба касе, ки хоҳад, раис даъватномаи ҳарбӣ менависад, худаш гуфтааст... Баъзе кампирҳои мӯйсафедон зорию тавалло карда ба дари хонаи Қалтай Мансур меомаданд. «Раис, садқаат бушам, ҳамин бачаҳаки маро аз ҷанг гардон, гӯ ба вай повиска1 нанависанд, вайро набаранд. Барака ёбӣ, Мансурхон. Хока гирӣ зар гардад, умри чӯҷаҳакот дароз шавад...» Хонаи Қалтай Мансур гӯё бозор буд. Аз пагоҳ то ду-се ҳиссаи шаб дарвозаи дутабақаи калони ҳавлиаш ғиж-ғиж кушодаю пӯшида мешуд, даробаро, ҳама корафтода, эҳтиёҷманд...

— Ман хоҳам ҳар кор мекунам, аз бинии мардак зардоб мегирам. Дигар канӣ кӣ ҳад дорад, ки пешам «вов» гӯяд, гузаштанд он рӯзҳо, рафтанд. Ҳамаро ба ҷанг мефиристам, як кас намонда. Давр-даври худам!— пеши ким-киҳо мушт ба сина зада худашро баланд бардоштааст, ба хаёли алови чашми мардумро гирифтан, тарсондан, сикаашро шинондан афтида.

Саидбек яке аз одамони овозадор, кайсар гарданшахи Кӯлоб буд. Аз гапаш намегаштагӣ. Саидбеки паҳлавон мегуфтанд ӯро ҳама. Бӯзбалаи батанутӯш, чорпаҳлӯ, китфвасеъ. Аз зӯриаш меболид. Рафту бо касе гапаш гурезад, то бо вай дастбагиребон нашавад, ба гуфти худаш, аз чакқаҳои сари ӯ хун нагирад, думашро сар намедод. Бо шартоҳӣ бурдааст, мегуфтанд дар ҳаққи ӯ. Як рӯз ба кори колхоз барояд, чор рӯзи дигар ба ихтиёри худ... Ба бригадиру калонҳои колхоз тан намедод. Чаллобу чорбозоргард буд. Байни Сталинободу Янгибозор тор метанид. Аз якеаш гову мол гирифта ба бозори дигар бурда обу лой мекард. Аз ҳамин ҳисоб дастархонаш кушода, хонааш сермеҳмон.
Чӣ хеле мегӯянд, мардак пуфас мезад.

Як рӯз Қалтай Мансур савори аспи гулибодоми чавмасташ дари хонаи ҳамин Саидбекро гирифт. Вайро аз хонааш чеғ зада баровард.

Саидбек дар паси дарвозааш Қалтай Мансурро ди-

1 П о в е с т к а — даъватнома.

пешина
аз 399
навбатӣ