Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
та ном бурдани шавҳарашро фаромӯш карда будааст, раис мегуфтааст ӯро.
Баъди як ҳафтаи раисии Калтаи Мансур муаллим Фирдавсиро ба аскарӣ даъват карданд. Рӯзи гусели ӯ хурду калони қишлоқ аз пасаш то сари кӯгали баланди деҳа рафтанд. Зани ҷавонаш Малика «хонаи ҷангҷӯ сӯзад» мегуўфту фиғон меандохт. Модари Фирдавсӣ мегирист, падараш ҳам. Гӯё рӯзи қиёмат буд. Дилҳои хурду калони деҳа ҳам аз алам пур шуда сар ба қатори онҳо оби дида мекарданд. Дӯстону наздикони муаллим бисёр буданд. Ҳама паи гуселаш омаданд, ба ҷуз Калтаи Мансур, ӯ дар деҳа гап паҳн карда буд, бо одамони даҳанкалон, ба қавле, ки ба сутунҳои Кӯлоб кордор мешудааст. Якеи ин сутунҳои деҳа, одами бообрӯю гапраси он ҳамин муаллим Фирдавсӣ ҳисоб меёфт. Маслиҳатгари ҳама буд ӯ, маъракаҳои деҳа бе ӯ намегузаштанд.
— Ана ҳамин Фирдавсиро ман ба ҷанг роҳӣ кардам, ба чӯши ҷанг! — бо овози баланд ҷор андохт рӯзи гусели муаллим. Ин гап рост буд ё дурӯғ? Ба ҳар ҳол ба баъзеҳо беасар намонд. Барои он бовар ҳам мекарданд, ки то он рӯз аз муаллимони Кӯлоб ягон нафар ба ҷанг даъват нашуда буд. Ва боз барои он ҳам гапи вайро беҳуда намегуфтанд, ки ду-се рӯз пеш Калтаи Мансур бо муаллим Фирдавсӣ шӯр хӯрда будааст. Боиси ҷанҷоли онҳо як аризаи барои кампири Роҳила навиштаи муаллим шудааст. Кампири Роҳила ба аризааш пеши Калтаи Мансур даромадааст, гуфтааст, ки аҳволаш бад, писараш дар ҷанг, дар хонааш як гард орд нест, ки рӯи об занад. Худаш, келинаш, набераҳояш гурусна, колхоз ба онҳо ягон пуд орд диҳад, раҳмашонро хӯрад.
— Инро ба ту кӣ навишт? — Аризаро хонда пурсидааст Калтаи Мансур...
— Муаллим Фирдавсӣ, илоҳӣ барака ёбад,— ҷавоб гуфтааст кампир.
Ана аз ҳамин сабаб ба сари муаллим ҷанҷол бардоштааст Калтаи Мансур.
— Муаллим, хабарат ҳамин, дигар аризанависӣ накун, мардум бероҳа мешаванд, оқибаташ нағз не,— таъкид кардааст Калта. Муаллим Фирдавсӣ хандидааст, хандидаасту гуфтааст, ки Калта номаъқул кардааст.
Пас аз муаллим Фирдавсӣ ба номи боз се-чор нафар

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо