Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— Шӯхӣ намекунам, занак, ҳозир маҷлис шуд, аз район калонҳо омада буданд, — падараш акнун бешӯхӣ ҳарф мезад, табассум, ханда аз лабонаш дур. Аз ҳамон рӯз дар хонадони онҳо аз ваҷҳи Қалtai Мансур дигар шӯхӣ намекарданд. Номаш ҳам аз забони падари ӯ афтод. Рустам пай мебурд, ки аз раис шудани «рақибаш» навруки1 падараш дигар шуда... андешаманд, зик, хафа... Хабаре мешунид, парешонтар мешуд...
Баръакси ақидаи модари Рустам ки «Қалтаи шумшаклро чию раисӣ чӣ? Гапи вайро занаш намегирад... вай корашро бо зарбаю зовита сар кард. Қадоме гӯё ба ӯ гуфта будааст, ки аввал чашми одамонро тарсонад, халқ зулмпарвар аст, то зулм накунад, гапаш ба ҳаво меравад, нописанд мешавад, сиёсаташро шинонад, сиёсаташро... Ин маслиҳатро айни муддао ҳисобидааст. Ғайр аз ин ба ақидаи гулобиҳо, гандагӣ дар хуну пӯсти худаш ҳам ниҳон будааст... Ҳамин хел рӯз-рӯзи сиёҳи халкро интизор будааст. Аспашу майдон... Муддаои дилаш. Аз рӯзҳои аввали раисиаш бо доду мағал аз ҳавлиаш берун мешуд. Ҷангу сиёсатро аз хона сар карда... занашро ҳар рӯз як бор тағи қамчин кашида оҳу вояшро мебаровард. Ҳикояти афсонанамое паҳн гашт. Ҳамон рӯзҳои раис интихоб шуданаш шабе Қалтаи Мансур аз занаш суол кардааст:
— Медонӣ, ман кӣ, занак?
Занаш аввал дар ҳайрат афтода забон мехояд, чӣ ҷавоб гуфтанашро намедонад.
— Ҳой, занак, аз ту пурсидам, ман кӣ? — Аз ҷои нишасташ сари зону мехезад Қалтаи Мансур.
— Шумо?
— Ҳа, ман!
— О шумо дадаи Фозилҷон.
— Номаъқул кардӣ, ҳафтафаҳм, як бори дигар агар маро дадаи Фозилҷону тозилҷон гӯй забонатро аз ҳалқат кашида мегирам, — гуфта сару рӯи занашро муштборон мекунад.— Боз дадаи Фозилҷон мегӯӣ?! — Аз тағи фуки занаш Қалта наъра мекашад ва худ ҷавоб мегӯяд:— Ман дигар дадаи Фозилҷон позилҷон не, ман раис, раис гӯй маро, раис!
Зани Қалтаи Мансур кайҳо боз дадаи Фозилҷон гуф-
1 Наврӯз — кайфият.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо