Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
як мушти ӯ надошт. Қалта ба худаш муносиб зан меёбад, чӣ хеле мегӯянд, соҳиби рӯзу рӯшноӣ мешавад. Лекин алами нокомиӣ аз дилаш намеравад. Душмани ҷонии падари Рустам, ба вай кинавар. Дар роҳу рӯ дучор оянд, дасту пои Қалтаро ларза мегирад, ранги рӯяш меканад, сиёҳ мешавад, фукаш кашол, қавоқҳояш овезон... Ба худ ғурунгос мезанад. Чӣ мегуфт? Касе фаҳмида наметавонист, сар меҷунбонд, аз худ бехабар... «Ҳа, Мансур, аҳволҳо чӣ хел? Биё, оштӣ кунем, қаҳрӣ шуда гаштан убол» падари Рустам ба ханда ҷониби ӯ равад ҳам, вай бо ҳамон ҳол аз вай дур мерафт.
— Агар ба ҳамин хушдори ту,— гоҳе падараш ба модари ӯ шӯхӣ карда мегуфт,— худо даста диҳад, соҳиби ягон кору гап шавад, ба худо бо ман чӣ карда нашро медонад. Гӯштамро дар сих кашида, дар алов дорад ҳам дилаш таскин намеёбад...
— Нагӯед, додош, як одамро хушдори ман мегӯед, ки... масхара мекунед,— сари дастархон нишаста бошанд, модараш ранҷида лаби онро қат карда аз ҷой бармехост...
Ниҳоят рӯзҳое омаданд, ки ба ҳамин Қалтаи Мансур — душмани хонадони онҳо даста расид. Ҷанг сар шуда буд. Мардҳои Гулоб ба ҳимояи Ватан мерафтанд, раиси колхоз амаки Нарзулло ҳам рафт. Масъалаи ба ҷои ӯ раис интихоб кардан пеш омад. Хеле фикр карданд, андешиданд. «Қалтаи Мансур раис шавад» гуфтанд. Аз чанд ҷиҳат дар ноҳия ба ин хулоса омада буданд: осмон ба замин омада расад, ду дунё як дунё шавад ҳам, Қалтаи Мансурро ба ҷанг намебурданд, одами ранҷур, узраш маълум. Аз ҷиҳати дигар дар Гулоб аз вай босаводтар касе не. Кадом як мактаби шаҳрро тамом кардааст. Дар илми ҳисоб оташ, ба ҷои ҳамаи ҳисобчиҳои колхоз кор бурда метавонист... Ана аз ҳамин сабабу ҷиҳатҳо вай, ба қавли худаш, одами калон, соҳиби дову дастгоҳ — раиси колхози «Гулоб» шуд.
— Хушдорат ба ҷои амаки Нарзулло раис шуд-ку! — ҳамон рӯз аз кӯча ба модари Рустам хабар овард, падар. Албатта, ба ин гуфтаи ӯ бовар накард модараш: як гапҳое, ки ба бел монӣ намеистад. Қалта куҷову раисӣ куҷо? Гапи вайро ҳатто занаш намегираду... Падари Рустам аз шӯхиҳои безебаш намонд, ки намонд ва ҳамин Қалтаи маймун намурд, ки Ҷамила халос шавад. Хайр, ин шакли шум ба вай дил дода бошад, айби ӯ чӣ? Саг-дия, чакиду гузашт...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо