Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ту дар чормағзчинии хонаи Исмоилхон набудӣ? — Пурсид модар.
— Будам, — бо дили нохоҳам ҷавоб дод.
— Будию чормағзҳоятро ба кӣ додӣ? Ба рӯймоли Парвона бастӣ?
— Ҳа, — гунаҳкорона сар ҳам кард Рустам.
— Вай духтар ба ту кӣ мешавад? Айб аст, шарм дор. Майда нестӣ, зан дошта бошӣ, соҳиби бача мешавӣ. Вай Парвона ҳам айни шукуниаш. Баъд... намедонӣ, ки ин духтар побаст шудагӣ, дар фотиҳа аст, гавҳорабахш дорад. Фаҳманд, чӣ мегӯянд? Дар бало мемонем, ба сӯхтан пок намешавем. Эҳтиёт шав, бачам. Гуноҳ кофта гаштааст вай, ба сари моҳо бало мебиёрад. Падаратро зад-ку! Ин ҳоло ҳеҷ гап не, аз нӯки хамир фатир. Осуда намемонад вай, метавонад, аз дасташ меояд...— модар бо алам, бо сӯзу гудоз гап мезад.
Падараш пеши яккамехи миёни ҳавлӣ, ки ба он ҳангии сиёҳашон баста шуда буд, омад. Ранги рӯяш канда, сараш бо дока баста... Ба пеши ҳангӣ як дарза алафи сабз партофт. Дастонашро ба миён гузошт. Ӯ аз гапҳои модари Рустам мадор гирифта буд.
— Очат рост мегӯяд, бачам, ғами туро мехӯрад. Даври ҳамин чанахс омад. Дигар ба вай хандида намешавад...— гуфт.
Дар хонадони онҳо ба Калтаи Мансур механдиданд. Ӯ дар вақташ ошиқи модари Рустам будааст, ошиқи шайдо, девонаи Маҷнун... Ба хонаи онҳо хостгорҳо монда, мегуфтааст, ки Ҷамила агар ба никоҳашон сар фурорад, ҳа, гӯяд, хоки қадамҳояшро бо дидагон мегирифтааст, хизматашро мекардааст, намегузоштааст, ки дасташро ба оби хунук занад. Ҷамила Маликаи вай мешудааст.
Вале Ҷамила «ман аз ҳафт маҳаллаи он бадсурат безораме, наход ман ҳавайро гирам, монед гапи вайро нагӯед!» гуфта шӯру мағал меандохтааст. Ӯ ба падари Рустам тӯй шуда хонаи вай меояд. Ҳамсояи овозраси Калтаи Мансур мешавад. Дар миён як девор. Ханданд ё сулфанд мешунаванд. Хуллас, ки маъшуқа дар таги бинии ошиқ манзил мегирад. «Болои сӯхта намак-об-ку! Чӣ кор карданд онҳо? Баркасди ман?! Сӯхта бирён шав мегӯянд?...» Ба сари Калта дарди бедавое меояд. Вале замин сахту осмон баланд, чорае намеёбад. Охир вай як одами нимтана. Ба падари Рустам барин ҷавонмарди «ман» мегуфтагӣ чӣ карда метавонист? Кирои

пешина
аз 399
навбатӣ