Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Садои гунҷишкаконро ёд кардааст, пазмон шудааст. Ба гӯшаш форам мерасад. Агар ба сари онҳо рӯзи сиёҳ намеомад, магар аз деҳа дил меканданд, аз оғӯшаш мерафтанд? Не, осон набуд, деҳа, ҳамдеҳагон рӯҳи равон, ҷону ҷигари ӯ буданд.

Дар пеш чор-панҷ тана чормағзи калон-калон намоён шуданд, сари онҳо дар кабудии осмон. Навниҳол набуданд. Пир, чанд умри одамиро дар ёд доранд... Воқеан ӯ ҳоло ба куҷои деҳа расидааст? Дар ин наздикиҳо, хо аз он чинори танаи теппа поёнтар ҳавлии раҳматии Эшонҷон ҷойгир буд. Бобои Фақир, Саидризо бо ӯ ҳамсояҳои дар ба дида буданд. Пеши ҳавлиҳояшон боғ, себу зардолузорҳо буд. Аз он боғу майдонҳо ҳам нишоне намеёфт. Дар ҷояшон биноҳои дусеошёна, деворҳои ин биноҳо сафед, наванд. Дар онҳо оё соҳибони ҳамондавраинаи ҳавлиҳо мезиҳанд? Бобои Фақир, Саидризо зиндаанд? Ҳа, ба хотираш омад. Ин чормағзҳо аз они раҳматии Исмоилхонанд. Онҳо дар боғи ӯ буданд. Вақти чормағзчинӣ бо шунидани садои ходаи чормағзшаппон ба он ҷо медавиданд, аз рахна аз ҷойҳои гаштаи деворҳо ба боғ медаромаданд. Гӯмбаз дар таги чормағзҳо аз осмон сағиру кабир мерехт. Аммо онҳоро ҷанг намекарданд. Зани раҳматии Исмоилхон ба ҳама меҳрубон буд, аз забонаш канду асал мерехт. Сухани бад, ҷангу ҷанҷолро намедонист. Гапи сахташ «аз саратон намонад, бачаҳом» буд.

— Биёед, биёед, бачаҳо, хуб кардед омадед, ёри мерасонед. Чормағз чинед, касе ду сатил чинад, ду тоқии пур-пур азони худаш, гирад, ҳалолаш шавад, — мегуфт ӯ ба онҳо.

Рустам ҳамон рӯз дар як они воҳид ду сатил чормағз чида соҳиби ду тӯқӣ кавсан шуд. Ӯ чормағзҳояшро гирифта тарафи рахнаи боғ давид. Он ҷо Парвона рӯ ба онҳо истода буд. Лабомаш пури ханда, дандонҳои зебояш аз сафедӣ дурахшон. Ҳеҷ гоҳ ширинии он табассуми вайро аз хотир бароварда наметавонад, ширин буд он хандаи Парвона, қанду асал буд. Рустам чормағзҳояшро ба рӯймоли Парвона рехт. «Гир, не нагӯй, гир» гуфт ба вай...

Ин хабарро аз ӯ пеш ба хонаашон бурданд. Аз дарвоза даромадан замон модараш аз ӯ пурсид:
— Чормағзҳоят канӣ?
— Кадом чормағзҳо? — худашро ба нодонӣ андохт вай.

пешина
аз 399
навбатӣ