Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
меандохт. Аз онҳо нишон меҷуст, нишони рӯзҳои пеш, рӯзҳои рафта. Ҳамсолон, рафиқон, чашмдидагиҳояш ба хотир меомаданд. Куҷоанд онҳо? Наменамоянд, нестананд... Одамони имрӯзаи деҳа бошанд, вайро намешиносанд. Касе намегӯяд: ана бубинед, Рустам омад, ҳа, худаш аст. Танҳо, бемодараш. Пир шудааст, мӯйҳояш сап-сафед, барф барин... Афсӯс, афсӯс... Шиносҳо, ҳамдеҳагон, Парвона гуфта вай дар дами пирӣ азми деҳа кард, онҳоро гуфта омад. Ё одамони ондаври деҳа намондаанд? Не, зиндаанд... Охир, худи ӯ дар қайди ҳаёт, намурдааст-ку!
Одамони имрӯзаи деҳа ӯро нашиносанд, биё нагӯянд ҳам, боке не. Гулоб зодгоҳаш. Бегона нест, як фарзанди он аст. Оби онро нӯшида, ба хоку лояш чӯлида калон шудааст, ҳавои софу беғуборашро шамидааст. Падару модар, бобою бобокалонҳош аз Гулобанд, Гулоб зодгоҳи Парвона, зодгоҳи худи ӯ, кӯчаю боғҳо, долу дарахтонаш шоҳиди бо ҳам буданҳои онҳо, шоҳиди лаҳзаҳои ширини умрашон... Гулоб хокдони гузаштагонаш аст. Рустамро ҳам хоки он кашидааст. Аз зану фарзанд, хонаю дари обод дур шуда хоки Гулоб шавам, гуфта омад. Хоку оби Гулоб барояш азиз аст, фидои он мешавад, дар оғӯшаш ҷон медиҳад, беормон, осуда...
Бобои Рустам лаҳзае биистод. Рӯ ба роҳи омадааш гардонд. Офтоб дар дами ғуруб. Дар он дуриҳо, тарафи офтобшин хона, зану фарзандонаш мондаанд. Он ҷо шаҳр аст. Дар назари зану фарзандонаш Гулоб чӣ? Ҷои вайрона, аз ободиҳо дур. «Деҳа чӣ ҷое, ки равию зиҳӣ», мегӯянд. Ҳушу ёди онҳо дар шаҳр, шаҳри пургавғо. Онҳо он ҷонанд, дар шаҳр ба дунё омада, хуни нофашон он ҷо рехтааст. Шояд аз ҳамин ҷиҳат ба шаҳр меҳр доранд ва шояд Гулоб ҳам барои ҳамин ба ӯ ҳай азиз аст. Шояд, шояд... Вале Рустам дар тамоми умруш ба шаҳр дил баста натавонист. Осмонаш асло аз ғубор холӣ не. Дуди мошин, дуди заводу корхонаҳо. Аз кӯчаҳо тарақ-туруқ трамвайҳо мегузаранд, мошинҳо садои гӯшхарош медиҳанд, ҳама ҷо магал, ғавғо. Ба гуфтае, саг соҳибашро намеёбад. Мӯяш ба сафедӣ заду вай ба ҳамаи ин одат накард. Дар пирӣ-ку токаташ намонд, сарашро гирифта ба деҳа гурехт. Инак деҳа. Чӣ ҷое — ҳавояш рӯҳафзо, ҷонат роҳат мебинад. Бегоҳирӯзӣ, ки шудааст, ғунҷишкакон, ҳама паррандагон ба шоҳсорони дарахтон, пеши лонаҳоишон гун омада, чирик-чирик, кӣ-чу — бозор доранд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо