Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

ДАРДИ ИШҚ

Ӯ аз автобус аз ҳама охир фуромад. Аз паи одамон чанд қадам монд. Ҷӯйчаи канори роҳро гузашта бероҳа шуду таги як дарахти олуча, ки аз гул фуромада, сарсабзу пур аз барг гашта буд, истод. Рӯ ба рӯяш майдони васее. Мумфарш. Гирдогирди майдон биноҳои як ё дуошёна. Деворҳояшон сафед. Якеи он бинои сартарошхона, дар паҳлуяш устохонаи пойафзол. Баъд мағозаи хӯрокворӣ, мағозаҳои ашёҳои рӯзгор, газвор, атриёт... «Шаҳр барин-ку!» гуфт ба худ.

— Ин деҳа Гулоб ном дорад? — пурсид аз ҷавоне, ки як даста қаламу дафтар дар даст аз мағозаи китоб берун омада буд. Ҷавон ба вай нигоҳе карду «ҳа, бобо, ин деҳа Гулоб» гуфт ва ба роҳаш рафт. Пирамард дониста пурсид. Ҳо ана ҳамон чинори Ака. Дар саргаҳи деҳа, калон, сершоҳу навда шудааст. Наздикаш расид. Бачаҳои бисёре дар таги он дар даву тоз буданд. Баъзеи онҳо ба шохаҳои баланди чинор — ба майнаю гунҷишкакон, ки ғаҷар-ғуҷур, чирик-чирик доштанд, назар медавонданд, ду-сеи дигар камонҳо дар даст онҳоро нишон мегирифтанд. Як бачаи майна аз кадом навдаие фир-фир бол зада ба замин афтод. Бачаҳо ба сараш давида рафтанд. Майнаҳо безобита гашта, барои халос кардани бачаашон қиғос мезаданд, ғалоғула. Бачаҳои Гулоб... замоне ӯ ҳам ба монандии ҳаминҳо буд. Таги чинор меомаданд, бисёрию буданд. Парвона ҳам ҳамроҳашон. Онҳо ҳатто ба кундаи чинор часпида ба навдаҳои баланди яктораи он мебаромаданд. Садои хандаҳои давраҳои кӯдакиашон ба гӯшаш омад. Хандаи ширини Парвонаро шунид. Чашмони зебои хандон, лабони пуртабассуми дилҷӯи ӯ пеши назараш буд. Замонҳои беғамӣ, хурсандии ӯ буданд он замонҳо. Ку Парвона, ку рафиқони айёми хурдсолӣ ва беғамии ӯ.

Оҳиста, якта-якта қадам мегузошт. Ба ҳар бому дар, боғу майдон, навниҳолон, дарахтони сари роҳ назар

пешина
аз 399
навбатӣ