Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
Ду милиционер чашм ба роҳаш пеши мошин истодаанд. Якеи онҳо аз вай пурсид:
— Мошини кӣ?
Сукут кард.
— Канӣ ҳуҷҷатҳоятонро як бинем, — шунид овозе ро. Шаҳодатномаи ронандагиашро аз кисаи пиҷакаш баровард. Дастонаш меларзиданд. Худро сарзаниш мекард! «Офат, устувор бош, сир бой надеҳ, қомататро рост гир!» Ҳеҷ гоҳ ӯ ба ин ҳол наафтода буд-ку... Аз афташ, монда шудааст.
Аз вай роҳхат пурсиданд. Ҷавоб надод.
— Бори мошин чӣ?
Ба ҷои вай милиционери дигар ҷавоб дод.
— Мотоцикл-а?
Пас аз лаҳзае Офатро дар кабинети муфаттиши милисия истинток мекарданд.
Ӯ пеши Саид Аброров «Офат ном дорам» нагуфт. Ному насаби аслиашро ба забон овард. Аҳмад Шоев. Дар омади гап кӣ будани Профессорро ҳам шарҳ дод: Акаи Асрор.
— Бори мошини Шодмон ёфт шуд, Аҳмад ба даст афтодааст, — гуфт инженер.
Остон Ваҳҳобович хурсанд шуд. Вай аз он хурсанд буд, ки Шодмон дар ҳаққи акаи Асрор туҳмат кард, худи ӯро ҳам ба «туҳмат печонданӣ». Натавонист, акнун аз вай халос мешавад.
— Дидед, ба ҳар ҳол, Асрор дузд набудааст. Акнун ин тарафаш тани ту. Ту ҳам навис, — Остон Ваҳҳобович аз ҷояш нимхез шуда, дасти Асрорро фишурданӣ буд. Вале Асрор аз худ бехабар менамуд. «Наҳот ҳамааш барбод рафт? Наҳот Офат ба даст афтод?»
— Асрор, чаро хомӯшӣ? — гуфт ботааҷҷуб Остон Ваҳҳобович.
Акаи Асрор аз ҷояш хеста, ба монандӣ одами маст қалавида-қалавида, аз назди ҳозирон берун рафт. Шодмон ҳам бархест. Акнун барои ӯ муаррифнома лозим набуд.
Шодмон ҳамроҳи Мадина зинаҳои сементии назди идораи директорро мефуромад. Офтоби баҳор баланд шуда, пеши роҳи онҳоро мунаввар мекард. Шодмону Мадина паҳлуи ҳам мерафтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ