Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
мошини Шодмонро мекованд ӯ гум. Албатта ба каллаи аҳмаконаи ягон кас ҳамин фикр меомадагист, ки «Офат ку? Мошинаш ҳам нест...» Ана ҳамин гапҳо гиреҳро мекушоянд... Ин фикрҳо Офатро гӯё девона карданд, сари зонувонашро зада, худро дарун-дарун мехӯрд.
Пас аз ним рӯз Офат худро тамоман аз даст дод.
Лаҳзае, дар ҷое истода наметавонист. Назди мошинаш метохту ба ҳавлӣ баргашта медаромад. Ба осмон — ба офтоб рӯй меоварду соаташро аз киса мебаровард, ба он назар меандохт. Соат паси соат мегузашт, офтоб ба тарафи ғарб нишеб мешуд. Тоқаташ чи хеле мегӯянд, тоқ шуд. Ба хулосае омада буд, ки ҷаста ба болои мошин баромад, ҷодари брезентии Диловаршоҳро аз рӯи мотоциклҳо кашида гирифта онро ғунугирд намуд, аз дари ҳавлӣ ба дарун партофта, аз ҷаҳл бо зану кӯдакони ҷӯрааш «хайр» ҳам нагуфта ба паси рули мошинаш гузашта нишаст. Ба мотор оташ дод, оташ доду лаҳзае барои гарм шуданаш таваққуф накарда пой бар газ бурд. Мотор гарм, ки нашуда буд, мошин қадаме ба пеш мегелиду боз аз роҳ мемонд. Аммо Офат газро бо ғазаб бештар пахш мекарду пахш. Бо ҳамин ҳол ӯ аз деҳа берун шуд. «Аҳмак будааст ин одам, шарманда шудам, марги худашу хонааш! Касофат! Ба бало гирифтор шавад, рӯзи бад бинад, дигар ӯро набинам»...
Ҷӯраашро дар дил сарзаниш мекарду дашном медод.
Дилаш дар сина, ба хаёлаш, дил не мушти оташ буд.
Сина, ҷисму ҷон, пайкарашро месӯзонд. «Ёбад ӯро дар базааш меёбад, наёбад роҳи дигаре меҷӯяд. Бас, бас!
Шавад обӣ, нашавад лалмӣ!» худро ӯ таскин медод ва гази мошинро пахш мекард.
Ҳангоми ба паси кӯҳҳо паноҳ гаштани офтоб ба Чилчашма расид. Ноилоҷ аз кӯчаҳои серодам мошин ҳай мекард. Милиционере ба касе «чуррӣ» хуштак кашад, ҷон аз дасту пояш мебаромад.
Ба базаи Диловаршоҳ наздик омада, мошинашро дуртар, дар таги як дарахти тут гузошт. Ба ҷустуҷӯи Диловаршоҳ рафт. Гуфтанд, ки Роғун рафтааст, пагоҳ меомадааст.
«Роҳи омадааш нашавад, калапар шавад, баъди ман офтоб набарояд...» — Диловаршоҳро дуои бад кард Офат. Дар бозгашт ба назди мошинаш ӯ бо азоб пойҳояшро мекашид. Вай роҳ мерафту бовар надошт, ки ҳамаи ин воқеаҳои нохуш ба сари ӯ омада бошанд.
Дар хаёлаш хоб мебинад, хоби нохуш. Ана боз чӣ дид?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ