Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
бояд изашро рӯбад, тоза кунад. Вале вай чӣ? Чизи дузӣ дар болои машинаш. Кӣ ин хел кор мекунад?
Аҳмақ! Ӯ бо умеди як бадмаст шуда, асояшро рӯшноӣ назад. Айби Профессор ҳам шуд, нақшаи беҳуда кашид. Агар ба ихтиёри худи Аҳмад мемонд, ӯ сарҳисобашро меёфт. Ким-кайҳо ин бор обу лой мешуд. Дар ин мавридҳо ба умеди ҳар кас шудан хато. Бегоҳӣ воқеае рӯй дод, ки қариб дили Офат мекафид. Бо сари кашол гирди машинаш мегашт, ки дар кӯча ду милиционер пайдо шуданд. «Худо зад, хонаам сӯхт, ба даст афтодам», гуфт. Паснокӣ ақиб рафта, дарвозаро кушод ва аз паси он поид. Хайрият, онҳо байни худашон гапзанон аз назди мошин гузашта рафтанд.
Саҳар шуд. Офтоб баланд мебаромад, зану кӯдакҳои чӯрааш ҳам ба назараш наметофтанд. «Амакҷон, амакҷон...» — гуфтанҳои онҳо ба вай намефорид, ғингғинги занбӯрҳо барин... Як мардаки калон чун мокиёни тухмаш гирифтагӣ ҷои истодан намеёфт. Хона, деҳа ба назараш танг... «Янга, чиба ин Диловаршоҳ наомад-а?» — мепурсид пайҳам. Аз ин дилтангин вай занак ҳам ба ташвиш афтод.
— Ба Диловаршоҳ гапи зарур доштед? — пурсид.
— Ҳа, ӯро диданӣ будам, — бедимоғ ҷавоб дод ӯ.
Хайр, ба ин зани бефаросат чӣ гӯям? Гӯяд, ки чизи дуздиашро бо ӯ обулой карданист?
Ниҳоят аз бетоқатии Офат занак дилтанг шуда
гуфт:
— Амак, вақташ набошад, гапатонро гӯед, ман ба вай мерасонам, худаш ҳам Душанбе рафтанӣ буд...
Таги дили занак маълум: рафтанӣ бошад, хайр, биравад! Аммо чӣ кунад, Диловаршоҳро нодида рафта наметавонад.
«Ё мотоциклҳоро фуроварда дар хонаи ӯ гузораду
равад?» Фикри беҳуда. Зани Диловаршоҳ розӣ намешудагист. «Ин мотоциклҳо азони кӣ? Чиба дар хонаи
ман мегузоред?» Ба ин саволҳои ӯ як олам шарҳу эзоҳ
лозим. Баъд худаш танҳо мотоциклҳоро фуроварда наметавонад. «Ҳамсояҳоро чеғ занад? Барои дуздиаш
шоҳид чӯяд-а?» Не, ҳоло аклашро нахӯрдааст. Профессор таъкид карда буд, ки шабаш катӣ борашро
нобуд карда ба база баргардад. Ба лабонаш кулӯх молида, дар қатори «бори мошини Шодмон гум шудааст, хайф» мегуфтагиҳо як хайфгӯ шавад, лекин нашуд. Дар ин рӯзҳое, ки дар ҳама ҷо ин гап пур, бори

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ