Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
ки дар база «падмени» стаждор ҳисоб меёфт ва орзу дошт, ки шофёре касал шаваду ба ӯ ду-се рӯз бошад ҳам мошини вайро диҳанд, чунон пухтаю доно ки рафиконаш ва ҳатто Профессор ҳам таҳсин мехонданд.
— Ту аз даҳон сақичро мезадагӣ шудай, қоил маь ба ту,— мегӯяд ҳасадомез Профессор.
— Худат чӣ? Ба ҳамаамон профессор барин сабақ медиҳӣ-ку? — гуфт ба вай боре Офат. Бо ҳамин «Профессор» лақаби ӯ шуд. Вай ҳоло Офат аз паи иҷрои супориши Профессор аст. Кош ҳамаи кор бо некӣ анҷомад, кош бандчаҳои пули шараққосӣ ба кисаҳои вай дароянд. Боз як олам нақшаҳои барои беҳбудии рӯзгор андешидааш ба ёдаш расиданд. Ба занаш пальто, гарданбанд... мегирад.
— Биёед, амак, хуш омадед, биёед,— зани Диловаршоҳ бо табассум аз хона баромад.
Вай Диловаршоҳро пурсид, набудааст. «Мумкин шаб наяд», гуфт занак. Ана ин хабар барои Офат нохуш буд. «Ин хел корҳоро сари вақт анҷом диҳӣ хуб, кашол, ки ёфт нохушие пеш меояд» — гуфт хаёлан. Офат дили ба ҷои дигар рафтан надошт. Ҷое ки расидани буд, расид. Ба ҷуз интизории Диловаршоҳ чорае набуд.
— Янга, мо акнун кӯчу палтарамонро ҳамин ҷо мепартоем, Диловаршоҳ наояд ҳам майлаш, хонааш ҳаст, акнун хезеду дега болои дегдон савор кунед,— шӯхӣ кард Офат ва аз зани Диловаршоҳ як ҷодар пурсид.
Ҷодар будааст, васею калони озода, брезентӣ. Бо он болои мотоциклҳоро пӯшид. Хайрият...
Вале шаб мегузашту аз Диловаршоҳ дарак набуд.
Мижа таҳ карда наметавонист. Шаб ҳам ба хоб мегузаштааст, бо бедорӣ он беохир менамудааст, азоби алим будааст. Ба сари ҳеҷ кас чунин рӯз наояд. Ба хаёлаш, моргазидаро хоб меомаду Офатро не. Вай чӣ кор кард?
Чаро худашро ба ин кунҷи дунё, ба хонаи Диловаршоҳи аҳмак оварда зад? Дар назараш акнун ҷӯрааш ҳам шум менамуд. Алами Мӯсоро аз Исо гирифтан мехост. Ӯро одам гуфта омад. Нест, ки дар хонааш нест.
Некӣ ҳам аз дасти ҳар одам намеояд. Бо ҳар хел зотҳо ҷӯрагӣ нашояд. Дар Диловаршоҳро дар дил хуб дашном медод. Медонист, ки ӯ одати нӯшидан дорад. Аз афташ, ҳоло ин бадмаст дар куҷое аз худ бехабар хоб асту Офат вайро бо дили беқарор интизор. Ҳар соат ба назараш соле менамуд. Охир дузд дар лаҳзаҳои аввал

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ