Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
Офат ба вай гап андохт. Сарӣ косаи хӯрок аз болою поён хеле дарди дил гуфтанд. Барои Офат ӯ одами ба дил наздик намуд. Ба вай гуфт, ки як камтар кунҷораи зиёдатӣ дорад.— Мошинро аз паси ман ҳай кунед,— гуфт ӯ.— Ба як қишлоқ расиданд. Шиносҳои вай одамони хуб буданд. Офат ба онҳо бештар аз ним мошин кунҷора фурӯхт. Баъд ӯ ва Диловаршоҳ якдигарро бародари қиёматӣ хонданд. Диловаршоҳ ҳар боре ба Душанбе ояд, Офатро албатта хабар мегирад. Ду-се рӯз меҳмон мешавад. Профессорро ҳам назди ӯ даъват мекунад. Як чиз ки Профессор ба Диловаршоҳ маъқул. Забони якдигарро хуб медонанд, сӯҳбаташон қаймоқ мебандад. Худи ҳамин Диловаршоҳ ҳам кони лутф. Бо вай ҳамсӯҳбат шавӣ, дар дил ғубор намемонад. Лекин хонааш дур, роҳаш вайрон, фақат таг-таги кӯҳ меравӣ, поён нигарӣ — дарё, касро воҳима мегирад. Ҷон дар каф меравӣ.
Ӯ бегоҳирӯзӣ ба хонаи Диловаршоҳ расид. Паси дарвозаи вай омаду дилаш ҳичил гашт: рафиқаш дарвозаи мошиндаро надорад. «Ана ин хел шофёр беақл аст»,— мегӯяд Профессор. Офат ҳам корашро бо маслиҳати ӯ аз дарвоза сар карда буд. Дарвозаи шалақи яктабакаашро канда ҷои он дарвозаи калони мошиндаро шинонд. Мошинро ба ҳавлиат, ки дароварда натавонӣ, беҳтараш шофёр нашав. Аз ҳазор ҷиҳат он лозим. Мошинро, ки ба хонаат даровардӣ, дилат пур. Аз назар канара. Як чиз, ним чиз ки овардӣ, мардум намебинад. Як чиз-ним чизи шофёр чӣ? Шифер, кунҷора, тахта, цемент, меҳ... чи ки бор кардӣ камтар меканӣ... Ба Диловаршоҳ сад бор гуфтанд, ки аз гуфтан забонашон мӯй баровардааст: «Бача, ту аввал дарвозаи мошиндаро шинон». Вале ин гап ба як гӯши ин гаранг даромада аз дигараш мебарояд.
Офат дар дил дӯсташро сарзанишкунон мошинро паси дарвозаи хурдакаки яктабака қарор дод. Ба ҳавлӣ даромад. Кӯдакони Диловаршоҳ ӯро дида «оча, оча, амаки Офат», гӯён сӯи хона давиданд. Ба ростӣ, аз ин хел ном бурдани бачаҳои хурдсол хандааш омад. Ҳа, дӯстонаш барои чӣ ба ӯ Офат ном доданд? Аниқтараш Профессор ба ӯ ин номро ниҳод.
Медонӣ, барои чӣ туро Офат мегӯем? — мепурсад ӯ.
Ҷум? — механдад Офат. Лекин сабаби Офат ном гирифтанашро медонад: дар андак вақт Аҳмад — ҳамоне,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ