Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
ҷои нишаст, оҳанҳояшро даст-даст кард. Чанг ҳам нагирифта буданд мотоциклҳо. Фақат ҳангоми ба мошини ӯ бор кардан бо Сангин тахтаҳои атрофи мотоциклҳоро канданд, чархи якеи он гирд намегардад. Ин он қадар зарар надорад. Вақти бор кардан Сангин хуб зӯр зад, рӯдааш қариб канда шуд, ҳаш-паш карда монд. Ба ин бача хандааш меояд, бача-дия. Аз ин савдо ба ӯ як тин намерасад. Худаш ҳам гуфт: «Барои ман ҳеҷ чиз лозим не. Як тини зардак ҳам...» Тавба одамон аз паи як савдоҳоянд, ки хандаи кас меояд. Бача ошиқ будааст, ошиқи ҳамон шофёрдухтар. Духтаре, ки ба ҷои бӯи атру гулоб аз баданаш бӯи равғану бензин меояд. Магар мард мехоҳад, ки занаш шофёр бошад? Занаки шофёр ҳам мард барин. Аз латофати занона дур, бӯзбала. Бачаи беакл, хайр Сангин, ки дар орзуи ҳамин хел зан бошад, ихтиёраш. Бигузор барои вай бисӯзаду бимирад... Шояд аз ин кори ӯ вай фоида бинад. Шояд вай сатанги Шодмонаш суд шуда раваду духтар боз ба доми ин бача афтад. Феъли ин занҳо маълум. Аз назарашон, ки рафтӣ, аз дилашон меравӣ. Дур, ки шудӣ, ҷону ҷигарашон ҳам, ки бошӣ, фаромӯш мешавӣ. Навашро мекобанд. Наваш барои Мадина Сангин мешудагист. Шояд, бале, шояди бисӯҷере...
Аммо аз ин савдо ҳоло як чӣ маълум: пулҳои шарақкосӣ ба кисаи Офат медароянд. Ба занаш пальто, гарданбанд мешавад, деворҳои кӯҳнаи гирди ҳавлиро аз як сар мегардонад, хишти пухта меорад. Худаш даст намезанад, аз ин пулҳо як бандчаякаш кор мекунад.
Баъд барои ҳамаи фарзандонаш як қадӣ либос мехарад. Гӯсфанд гирифта мекушад, худой мекунад... Ба боқимондааш заём мегирад, заёми тиллоӣ — сефоиза.
Пул-пулро меёбад, серпул шуда мемонад. Аз ҳамин хел савдоҳо вай одам шуд...
Мошини Офат роҳ мерафт. Ноободиҳо пас монданд.
Аз кӯчаҳои серодам, аз миёни деҳаҳо мегузашт. Бо як хаёл мошин меронд, бо хаёли ҷӯрааш Диловаршоҳ.
Ӯро ёфта мотоциклҳоро обу лой мекунанд. Диловаршоҳро медонад. Профессор ҳам. Бо Диловаршоҳ дар ҳамин ҷо ғинос шуда буд. Бори мошинаш кунҷора буд.
Назди ошхона истод. Мошини дигаре пештари ӯ қарор гирифт. Шофёри он ҳам аз паси вай ба ошхона даромад. Ҳар ду хӯрок гирифта ба паси як миз нишастанд. Ин рафиқи ношинос ба сар телпаки мушқранги зебое ниҳода буд. Телпак ба рӯи гирди пурааш мезебид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ