Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

ана омад, гила накун... Акнун фурсати қомат рост карданат намонд, кор сар шуд, дар ҷелҳои мо дармемонӣ.»

Сангин такя ба болишт оҳиста нимхез шуд. Чанд лаҳза гӯшу ҳуш гардид. Баргҳои чинор хишир-хишир доштанд. Дар дуриҳо оби шаршара сар ба сангҳо зада, ба хаёли одами нав ба ин ҷойҳо омада, ваҳмангез менамуд. Ӯ лаби тахтаҳои катро дошта фуромад. Туфлияш дар даст оҳиста пеши мошини Шодмон расид.
Акнун кори душвор ва хатарноке монда буд. Ба мошин даромада, онро ҳай кардан лозим. Аммо ин осон набуд.
Агар аз ғурроси мошин ҳама бедор шавад чӣ? Тамом, худам ба бало мемонам. Не, ин фикрҳо чӣ лозим? Фикри бад бадӣ орад... Умеди хайр буд. Ҳанӯз аз роҳ ягона-ягон мошинҳо ғув-ғув садо дода мегузаштанд. Сангин бо калиди кайҳо барои мошини Шодмон соз кардааш мотори онро даргиронду мошинро рӯ ба роҳи Душанбе гардонд... Дар паси гардиши Санги Кабуд ӯро Офат нигарон буд. Ҳар ду бо ҳазор азоб як чашм пешу як чашм ба қафо мототсиклонро аз мошини Шодмон ба дигар мошин бор карданд. Баъд Офат ба мошини холии Шодмон нишаста, онро бошаст сӯи дарё ронд. Мошини ба куму сангҳои лаби дарёӣ дармондаро партофта омад ва паси рули мошини худаш гузашт, бо Сангин «хайр» гӯён даст афшонд.

Шаб саҳар мешуду Офат дар роҳ буд. Аз Сафедорон баромад. Роҳи Чилчашма пеш омада буд. Мошинашро нигоҳ дошт. Чашмонашро молида-молида аз он берун омад. Моторро хомӯш накарда буд. Он нағз кор мекард. Ба гуфтаи баъзе ҳамкасбҳояш, ки соат барин. Хушбахтона мошини ӯ ҳамеша ҳамин хел соз аст. Шер агар он шалақ бошад, вай ба чунин корҳои нозук даст мезанад? Дар ин мавридҳо мошин ҳам бояд ба монандӣ аспи бузӣ бошад, ба соҳибаш гӯш диҳад, аз кӯра зада барояд; ӯро ба манзил расонад. Ҳаққи гап, ки мошини вай аз ҳар хел аспи бузӣ ҳам хубтар аст, аз он ӯ ҳамеша розист. Як ҷонвари боакл барин, дар лаҳзаҳои душвор ҷондастгираш аст, дар ҳеҷ ҷо дарнамемонад. «Ҳа» гӯяд, мепарад. Ана ҳамин ҳозир ҳам он Офатро аз кӯра — аз миёни бало берун овард. Он тарафаш акнун ба худи ӯ вобаста. Вай пой ба болои мошин монда ба танаи соғун рост шуд.
Се мотоцикли «Урал»-и нав пеши назараш ялаккос мезаданд. Аз болои соғун мошин рӯи якеи он ҳам шуд,

пешина
аз 399
навбатӣ