Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

гапу ҳарфе мегузашт — ҳеҷ чиз намешунид, ҳозиронро ҳам намедид.

Шаби гум шудани бори мошини Шодмон онҳо то дер нишаста буданд. Бисёр гуфтанду хандиданд. Ниҳоят хобашон омад. Аз ҳама аввал чашмони Сангинро «хоб» гирифт.
— Бачаҳо, акнун хоб меравем. Пагоҳ роҳи дур дар пеш.
Ҳама дар тараддуди хоб шуданд. Сангину Шодмон, Раҳматуллои Мичинг, Файзулло паҳлуй ҳам хобиданд.
Барои Мадина дар хоначаи бобои Умархон ҷой густурданд. Пас аз андаке ҳамаро хоб бурд. Хеле вақт гузашт. Сангин як лаби кӯрпаро аз пеши чашмонаш бардошт, ба роҳи Душанбе нигарист. Интизори ишора буд.
Соат паи соат мегузашт. Ишора намешуд. Ба изтироб афтода буд. Ба хаёлаш, даруни ҷойхоб ба бадани ӯ хорҳо мехалиданд, лекин тоб меовард, ҷумбуҷӯл намекард.
Лаб зери дандону чашм ба роҳ буд. «Чаро ишора намешавад?» — пурсид аз худ. Ё маслаҳаташон аз хотири ӯ рафта бошад. Не, не, ин хел одам нест вай.
Ниҳоят равшание аз роҳ, аз ҷои муайяншуда ба чашм расид. Равшанӣ чанд карат хомӯшу фурӯзон гашт, ҳисоб кард Сангин. Се бор. Худи ӯ, худи Офат. Кӯрпаи рӯяшро бо нӯки ангуштон оҳиста поён фаровард.
Шамоли сардакак баргҳои чинорро нарм-нарм сила мекард. Баргҳо ҳишир-ҳишир доштанд. Оё онҳо аз сирри дили ӯ огоҳанд, ба якдигар ҳарф мегӯянд? Не, ҳеҷ гапе намешавад, дузд подшоҳи шаб! Хомӯш бошед, эй баргҳо! Вай рӯ ба осмон хеле хобид. Софу нилгун буд само. Ситораҳо ҳам аз осмон чашм ба ӯ буданд.
«Шоҳидони безабон», — тамасхур карда хандид Сангин. Паҳлуй рости ӯ Шодмон хобида буд. Аз ҳама чиз бехабар... «Осуда хоб рав, осудагии ту то пагоҳ, пагоҳ, ки шуд, сар мешавад. Ба чӣ ҳол меафтӣ? Саркану покан ба чор тараф медави, аз ҳама ёрӣ мехоҳӣ, маслиҳат мепурсӣ. «Бори мошинам гум шудааст, чӣ кунам?»
мегӯй. Бо чашмони ҳаросон ба Сангин ҳам рӯ меорӣ.
Рӯзат сиёҳ мешавад. Вале айби кӣ? Ба хотират ҳаст?
Дар боғи шаҳр ҳам огоҳат кардам, бо зорӣ гуфтам, ки аз баҳри Мадина гузар. Локин, ту чӯпонбачаи гарданшах, ман-манӣ кардӣ. Гуфта будам, ки рӯзи ҳисоб меояд,

пешина
аз 399
навбатӣ