Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

ки ба рӯи вай мезебид, донаҳои анор барин...
Мадина дар назари Шодмон як даста гули ҳазоррангро мемонд. Мадина ба ӯ чашмак зад ва наздиктарак нишаст. Инженер ҳам курсияеро пеш кашид. Вале Остон Ваҳҳобович ба онҳо ҳанӯз эътибор намедод. Аз ҷаҳл гӯё ҳеҷ касро намедид, лаблабу барин суп-сурх шуда буд.

— Рафиқ Остон Ваҳҳобович, аз Сафедорон сим заданд,— гуфт инженер.

— Кӣ? Ҳамон Саид Аброров?! Ман аз болои вай шикоят мекунам, тоза одами ифлос, аблаҳ барин, кор кардан намемонад. Ана худатон гӯед, ҳамин одам дузд аст, о вай ягон дақиқа аз пеши ману шумо дур нарафтааст, ба вилояти Қӯрғонтеппа бор бурда овард, ана ҳуҷҷатҳояш,— роҳхати сафари Асрорро ба инженер дод.— Ҳамаи ин шӯру мағал аз касофати ана ин одам,— Шодмонро нишон дод директор.— Дина ба база омада, як иғвоҳое хезонд, ки... Минбаъд вақти ба кор гирифтани ҳамин хел одамҳо ҳушёр шудан лозим. Хуб санҷетон, озмоетон. Ба як кас некӣ мекунам гуфта ба бало мемонӣ, ҳай-хай нагӯй ба гарданат савор мешаванд... Остон Ваҳҳобович боз як олам алами дил гуфта, ниҳоят пурсид:

— Чӣ гуфта сим зад? Асрорро суроғ кард? Бегоҳ ҳам ду бор телефон карда буд. Қаҳрам омад, гуфтам, ки дар база нест, дар хонааш ҳам нест, дар ҳеҷ ҷой нест. Ин одам дар назари вай дузд, тавба тоза бекалла, ифлос будааст,— таъкид намуд Остон Ваҳҳобович.

Аммо ҳоло муфаттиши шӯъбаи милисияи Сафедорон барои дигар масъала ба база телефон карда буд.

— Бори мошини Шодмон ёфт шудааст,— гуфт бо
хурсандӣ инженер.

— Ҳа, дуздро доштанд! — илова намуд Мадина.

— Дуздро доштанд?!— бовар накарда, пурсид директор.— Рост мегӯед?

— Ҳа.

— Ана, дидед, дузд кию ин бача аз одами дар пеши ману шумо шиштагӣ домангир, ӯро дузд гуфта гаштааст. Тӯҳматчӣ, рӯирост тӯҳмат, дидӣ, додар,— акаи
Асрорро бо меҳрубонӣ Остон Ваҳҳобович додар гуфт
ва ӯро муборакбод намудан хост. Аммо аз шунидани
хабари ба даст афтодани дузд, гӯё ҷон аз дасту пои
акаи Асрор баромад. Такя ба пуштаки курсича дода
ранг бурда ранг меовард. Дар кабинети директор чӣ

пешина
аз 399
навбатӣ