Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
Тӯҳмат мекунӣ! Алҳазар аз ту, тавба! Ман худам акнун масъалаи туро ҳал мекунам, суд мекунонам, ту бо як реза ҷонат мардумро ба бузбозӣ наандоз! — Остон Ваҳҳобович ҳашпашкунон гӯшаки як телефонро бардошт: — Асрор Қосимовро гӯед назди ман дарояд, ҳамин ҳозир, зуд! — гӯшакро ба ҷояш партофт. — Ту акнун ҳеҷ ҷо намеравӣ, ҳамин ҳозир ҳал мекунем.
«Остон Ваҳҳобович ба Асрор сим зад?! Вай ҳамин ҷо, дар база аст?» Шодмон ҳанӯз дар хаёлу андеша буд, ки гурс-гурс қадам зада, Асрор даромад.
— Хизмат, Остон Ваҳҳобович. — Вай бурутҳояшро миёни ангуштонаш тоб дода.
— Ба ин одам гап зан, маро не, туро дузд гирифтааст, — назари пурхашми директор ба рӯи Шодмон баста шуд.
— Бо ин одам ман чӣ мегӯям, рафиқ Остон Ваҳҳобович, мо моргазида, аз ресмони ало метарсем. Аз рӯи қонун ҷазо мегирифтагист. Шумо директори база, ба вай фаҳмонед, ки ман дар куҷо будам. Соат ба соат, аз куҷо то куҷо рафтану омадани ман маълум. Ана, — вай роҳхати сафар ва чанд ҳуҷҷати дигарашро аз кисааш бароварда, болои мизи директор партофт, — дина пагоҳӣ ба завод расида будам, соати ёздаҳ борро супурдам. Соати қариб чор ба база баргаштам, мошинро монда хона рафтам. Саҳар омадам. Мошин ҳоло дар таъмир, ҳама медонад, шумо ҳам медонед. Бори ин одам дар роҳи Помир гум шуда будааст. Ман дар вилояти Қӯрғонтеппа. Чӣ хел бори мошини вайро ман медуздидаам. Ман гунаҳкор будаам, милиция маро мекофтааст. Ман акнун ба ин одам ва ҳамон муфаттише, ки маро кофта гашта будааст, кор дорам, шоҳидҳо ҳастанд, арзи моро ҳам бояд пурсанд, ҳақиқат будагист, — акаи Асрор ба рӯи Шодмон нигоҳ накарда ба овози баланд дод мезад.
— Ин одам барои тӯҳматаш ҷазо мебинад. Ман ҳам шоҳид мешавам, ба назди суду прокурори ноҳияи Сафедорон меравам, ин зот бисёр бад будааст, — Остон Ваҳҳобович аз ақидааш гашта буд, вай гапи байни худашу Шодмонро ба Асрор нагуфт, фақат ишора кард, ки вай ба ӯ ҳам тӯҳмат кардааст. Ва директор ҳанӯз аз қаҳру ғазаб нафуромада буд, ки дар кушода шуда, инженери бехатарии базаву Мадина даромаданд. Чашмони Мадина механдиданд, лабони нафису зебояш ҳам. Куртаи атласи нав ва аз болои он ҷемпери гулобиранг,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё