Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Шодмонро шунидан ба ӯ боз суол дод директор.— Аз Асрор гумонбар шудӣ гуфтанд. Ба фикрат, бори мошинатро вай дуздидааст.
— Намедонам.
— Надопӣ, ӯро ба ҳолаш мон. О вай хурд не, ба падарат баробар, хонаю дар, зану кӯдакҳои бисёр дорад.
Медонӣ ҳозир Асрор дар куҷо? Ба ҳамон милицияе, ки вайро кофта гаштааст, гӯй, ки куҷо будани Асрорро директору база меданад.
— Донед, нағз, лекин ҳоло ман пеши шумо барои дигар кор омадам, ба ман характеристика лозим.
— Аҳа, кор ғалтид омадам, гӯй.
— Ҳа.
— Ба ту ҳамон вақт гуфта будам, ки некӣ мекунам, мошин ёфта медиҳам, биё, аз ҳамин база рав. Ба хотират омад?
— Ҳа, рафиқ Остон Ваҳҳобович.
— Ба ман гӯш надодӣ «тую ман» кардӣ, ба рӯям давидӣ. Акнун омадӣ, ки характеристика диҳам? Чӣ гуфта характеристика диҳам? Чӣ нависам?
— Ҳаққи гапро нависед, Остон Ваҳҳобович.
— Ҳаққи гапро мегӯй? Менависам, ки Шодмон Шарифов аз рӯзи ба базаи мо омадан дар миёни ҳамкорон иғво андохта мегардад, ба интизом, ба кор халал мерасонад. Тӯҳматчӣ аст. Аз дасти вай як шофёри кӯҳансол, одами обрӯманди база рӯз надорад. Ба ин одами бегуноҳ вай тӯҳмат дорад, ки бори машинашро дуздидааст. Ҳа, ман директори база, шахсан ба бегуноҳии вай шаҳодат медиҳам.
— Як гуноҳи дигари зӯр ҳам аз ман гузаштааст, Остон Ваҳҳобович, ҳамонро ҳам нависед,— Шодмон акнун гапи дилашро ба директор гуфтан мехост.
— Лозим шавад, менависам, гуноҳи ту кам не, аз мӯи сарат зиёд.
— Ин гуноҳи ман аз ҳад вазнин, барои он ҳардуямон ҷазо мебинем.
Остон Ваҳҳобович лаҳзае ба вай саволомез нигоҳ кард.
— Ба ҳамон характеристикаатон нависед, ки,— Шодмон ин чанд калимаро канда-канда ба забон овард.
— Шодмон Шарифов ба ман, ба директори база, пора дода, ба кор даромад.
— Э бача! — Остон Ваҳҳобович мушташро ба рӯи миз сахт зада, аз ҷояш хест.— Ту ба ман ҳам часпидӣ?

пешина
аз 399
навбатӣ