Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳамаш дурӯғ, оча.
— Илоҳӣ дурӯғ бошад, бачам, токати ғам надорам, ба мардум худо медиҳад.
— Ҳамаш дурӯғ, — такрор кард Шодмон ва ба модараш, ки таги дари ошхона ҷумча дар даст чӣ гуфтанашро надониста истода буд, «хайр, ман ҳозир меоям, хавотир нашавед» гуфт.
...Аз ҳамон рӯзе, ки Остон Ваҳҳобович Шодмонро аз рӯи аризаи акаи Асрор ҷеғ зад, вай дигар бо ӯ вонахӯрда буд. Вале гуфтугӯяшон бо директор аз ҳаёлаш камеравад. Ӯ барои ба ҷо овардани хоҳиши акаи Асрор хуб ҷон канд. Бо ду дасти адаб, бо мулоимию нармӣ кафшҳояшро пеш монданӣ буд, лекин Шодмон ҳам гуфт, ки ин пилтаро аз гӯшаш гирад, вай ба ҳеҷ ҷо намеравад. Ӯ бегуноҳ, ки буд, пеши директор мулзам нашуд, вайро шарманда карда, аз наздаш баромад. Аммо имрӯз Шодмон забонкӯтоҳ аст. Бори мошинаш гум шуд. Ба ӯ Сангин аллакай хабарҳои росту дурӯғ расондагист. Онҳо шоданд, курта-курта гӯшт мегиранд. Остон Ваҳҳобович баъди гапу гузори онрӯза вайро дар ҳамин ҳол дидан мехоҳад. Вале ба дари идораи директор наздик расида, Шодмон худро ба даст гирифт. «Не, ӯ забонкӯтоҳ нест. Худи ин Остон Ваҳҳобович кӣ? Порахӯр, одами зишту ифлос...»
Шодмон дари кабинети ӯро кушод.
— Мумкин?
Остон Ваҳҳобович, ки газетаеро пеши рӯяш калон кушода аз паси айнак мақолаеро мехонд, сар боло кард ва ба вай каҷ-каҷ назар андохт.
— Аҳа, ин туӣ, салом, биё — Остон Ваҳҳобович табассумкунон газетара болои миз ниҳод. «Салом, а?» Шодмон хурд не, маънии ин хел саломҳоро мефаҳмад. Лекин Остон Ваҳҳобович ба вай барвақт салом дод.
— Салом, рафиқ Остон Ваҳҳобович, — Шодмон бардам-бардам қадам монда, бо иҷозати директор ба курсичае нишаст.
— Ҳӯш, хизмат? Канӣ гап зан, ба ту чӣ шуд?
— Ба худатон ҳамаи гап маълум, гуфтагистанд, албатта.
— Ҳа, мо аз ҳеҷ кор бехабар намемонем. Лекин ман аз худи ту пурсиданиам, ки чиба бори давлат ба манзил нарасид?
Шодмон оромона воқеаи рӯйдодаро ба ӯ нақл кард.
— Хайр, ба гумони худат ин кори кӣ? — пас аз нақли

пешина
аз 399
навбатӣ