Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
мекард. Вай аз вақти шофёр шуданаш ба шим пӯшида гаштан одат кардааст. Ин шимаш андаке танг, ба танаш часпидааст. Ба пойҳои дароз-дароз ва баданаш зеҳн монда «ё фарбеҳ шуда бошам?» гӯён бо худ хандид.
Назари Сангин ба ӯ бархӯрд. Наздиктари Мадина омад. Мадина, ҳанӯз сараш хам, шимашро тоза мекард. Нигоҳи Сангин аз пойҳои зебои Мадина, дастони бараҳна, рухсораҳои аз тобиши офтоб лолагуншудаи ӯ канда намешуд. Ваҳ, чӣ толеи баланд! Дар қаъри як дараи бефарёд, дар ҷои дур аз одамон, дар ҷое, ки дар атрофат ҳама кӯҳҳои баланданд, ҳар қадар нигарӣ аз баландӣ қуллаҳои онҳо наметобанд, дар як ҷои овознорас тую як духтарак, боз духтараке, ки шабу рӯз дар хаёлат, баъзан дар танҳоӣ ӯро бо худ тасаввур намуда бо ҳазор хаёлҳои ширину гуворо меравӣ. Вай ҳоло ана дар ҳамин хел ҷо бо Мадина танҳо. Ӯ дар офтобрӯя рӯи санг чун як даста гул менамояд. Дил ба Сангин мегуфт: аз вай дурӣ нагир, ба оғӯш бикашаш, ана баъд тую ин қаъри дара, тую Мадинаат, аз дастат чӣ кор ояд, кун... Майли дил ба Сангин ғолиб меомад. Аз санг ба санге ҷаҳида ба Мадина боз наздиктар нишаст. Пайқараш ларзид, гӯё вай гармии тани Мадинаро ҳис кард, нафасгирии Сангин беихтиёр тез шуд, Мадина аз рӯи пойҳояш сар боло кард.
— Мадина...— кому забони Сангин хушк гашта буд,— Мадина, — овози вай меларзид, — Мадина, — гуфт ӯ боз ва даст ба пешобағали кушодаи духтар дароз кард. Мадина парида аз ҷояш хест, дастонаш дар миён, ҷониби Сангин чунон як назари пургазаб афканд, ки дили Сангин ба ҳарос афтод.
— Мадина, ман ба ту гап доштам,— Сангин акнун ба худ омада буд.
— Чӣ гап?
— Биё шишта гап занем...
— Рост истода гап занем, беҳтар.— Мадина рӯи санг баромада, дастонашро аз миёнаш нагирифт.— Гап зан...
— Намедонӣ, ки барои ту ман дар азобам,— гуфт Сангин.
— Оҳо!
— Хаёл мекунӣ, ки ман бо Шодмон ҷӯрааму барои ҳамин бо вай мегардам, ҳар чӣ лаққад, ман ба вай гӯш мекунам. Не, Мадина, ҳазор бор не, чашми диданаш надорам. Барои ту бо вай ҳамроҳу дӯст шуда мегардам.
— Барои ман?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё