Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Чӣ мехостааст?
— Гап бисёр, Шодмон, ту вайро нотавон ҳисоб накун.
— Худаш гуфт?
— Ҳа, ба ман...
Вақте рӯзи гузашта Шодмон дар шӯъбаи милисияи ноҳияи Сафедорон монду Сангин бо Мадинаю рафиқони дигараш рафтанд, вай ниҳоят шод гашта буд. Чанд бор зери лаб «хайрият, хайрият» гуфт Сангин. Дар давоми солу моҳҳои охир асло чунин осудаю комрон набуд. Охир бо Мадина сафар мекард! Агар саҳв накунад, аз Шодмон халос шуд, минбаъд аз ин рӯзҳои бадтар ба сари вай меояд. Ба салтанат, давру давронаш рахна омад. Дунё охир ин хел нест, ки ҳамеша чархаш бо хоҳиши ту гардад. Сарат ба девор ҳам бармехӯрад. Давидани гӯсола то коҳдон гуфтани гапҳо ҳаст. Акнун навбати Сангин расид. Бас аст, хорию азият кашиданҳо! Ӯ акнун аз Мадина ҷудо шудани набуд. Аз паси мошини вай мошин ҳай мекард. Дар хаёлаш, ки арӯсаш пеш-пеши ӯ мерафт, озоре набинад вай. Ағбаи баланди Кӯҳтезакро баромаданд. Мошинҳои Раҳматуллои Миҷинг, Файзулло гузашта рафта буданд. Баногоҳ гашти мошини Мадина суст шуду дар канори роҳ истод. Сангин ҳам мошинашро нигоҳ дошт. Оби мошини Мадина ҷӯшида будааст. Дар он наздикиҳо об набуд. Сангин як камери калонро гирифта рӯ ба қаъри дара нишеб шуд. Ӯ сангҳоро дошта-дошта поён фуромад. Аз таги як санги калони хонамонанд об соф ҷорӣ буд. Ду-се қадам поёнтар об ба кӯлчае мешорид. Атрофи он сангҳои калон-калон чида буданд. Об дар ин ҷо нуқра барин софу бегубор метофт. Моҳичаҳо дар қаъри кӯл шино мекарданд. Мадина ҳам сатил дар даст ба поёни дара фуромад.
— Мадина, биё, ҳамин ҷо як дамак шинем. Бин, чӣ хел ҷои аҷоиб, як зебо ки...— Сангин ба дарахтзороне, ки ғарқи гулу барг буданд ва офтоб болои онҳо гӯё ҷодари зарини гармакакашро густурда буд, нигоҳ кард. Вале Мадина, ки сатилаш дар даст пеши чашма истода буд, гӯё гапи вайро нашунид. Сангин ба камер об бардошта, аз чашма болотар баромад. Мадина аз кисааш рӯймолча бароварда, болои санге паҳн кард, пойҳояшро рӯи ҳам гузошта, бароҳат нишаст. Як тарафи шими ӯ аз зону боло хоколуд буд. Мадина болои зонувонаш ҳам шуда пуф-пуф гӯён бо ангуштонаш шимашро тоза

пешина
аз 399
навбатӣ